Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
ДОСТОНИ ШАЙХ МУҲАММАДИ САРРОЗӢ
Дар шаҳри Ғазнин зоҳиде буд, ки ӯро Саррозӣ меномиданд. Ӯ муддати ҳафт соли тамом рӯза гирифта, рӯзаашро фақат бо гиёҳ мекушод.
Бо вуҷуди ин ки ба ҷуз иҷрои фармонҳои Худо кори дигаре накарда, гуноҳе аз ӯ сар назада ва асрори ғайб ба ӯ зиёда ошкор шуда буд, боз дархости дидори Яздони покро дошт. Ин орзу дар сари ӯ чунон мустаҳкам ҷой гирифт, ки рӯзе ба сари кӯҳи баланд рафт ва даст ба дуо бардошта гуфт:
– Агар ин хоҳиши ман амалӣ нашавад, худро ба куштан хоҳам дод.
Чун хабаре нашуд, худро аз болои кӯҳи баланд ба зер партофт. Аз қазо дар болои поруҷойи пур аз об афтод ва осебе надид. Касе, ки дар талаби марг буд, зиндагӣ ба ӯ рӯ намуд. Ҳайрону саргашта рӯ ба саҳро ниҳод. Ногаҳон бонге шунид, ки амри ба шаҳр рафтан ба ӯ кард.
Гуфт: «Эй донои розам мӯ ба мӯ,
Чӣ кунам дар шаҳр аз хидмат? Бигӯ!»
Соҳиби овоз боз ба ӯ гуфт:
– Бояд ба шаҳр биравӣ ва нафси худро хор кунонӣ, даст ба гадоӣ бизанӣ, то ҳамчун Аббоси Даббус, ки ба гадоӣ машҳури халқ буд, шуҳрат пайдо кунӣ. Ҳар чӣ аз гадоӣ пайдо мекунӣ, миёни бенавоёну бечорагони ҳоҷатманд тақсим кунӣ:
Муддате аз ағниё зар меситон,
Пас ба дарвешони мискин мерасон.
Шайх Муҳаммад итоат кард ва ба роҳ афтод, то ба шаҳри Ғазнин расид. Мардум, ки ному овозаи ӯро шунида буданд, ба пешвози ӯ баромаданд. Ҳама бузургони шаҳр хонаҳои худро омодаи пазироии ӯ карданд. Аммо шайх аз роҳи пинҳонӣ ва худро ношинос карда, ба шаҳр даромад. Чун ҳаёҳуи мардумро дид, гуфт:
Гуфт: «Ман аз худнамоӣ н-омадам,
Ҷуз ба хориву гадоӣ н-омадам.
Нестам дар азми қолу қил ман,
Дар ба дар гардам ба каф занбил ман.
Бандафармонам, ки амр аст аз Худо,
Ки гадо бошам, гадо бошам, гадо.
Гуфт:
– Ман аз сӯйи Худованд ба гадоӣ омадаам ва дар банди ҷоҳу ҷалол нестам, зеро:
Ӯ мазаллат хост, кай иззат танам?
Ӯ гадоӣ хост, кай мирӣ кунам?
Вай ошиқи дидори Худо буду сар ба фармони Ӯ дошт ва ҳама чизро фаромӯш карда буд:
Ошиқи ишқи Худо в-он гоҳ музд?
Ҷабрайили мӯътаман в-он гоҳ дузд?
Ошиқи он Лайлии кӯру кабуд,
Мулки олам пеши ӯ як тарра буд.
Пеши ӯ яксон шуда буд хоку зар,
Зар чӣ бошад, ки набуд ҷонро хатар.
Ишқ ҷӯшад баҳрро монанди дег,
Ишқ сояд кӯҳро монанди рег.
Ишқ бишкофад фалакро сад шикоф,
Ишқ ларзонад заминро аз газоф.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор