Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Пас аз он шайх дар шаҳр мегашту гадоӣ мекард ва ҳар чӣ ба даст меовард, ба бечорагон мебахшид. Як рӯз чаҳор бор барои гадоӣ ба дари хонаи амири шаҳр рафт ва ҳар бор ягон чизе меситонд. Бори чаҳорум амири хашмгиншуда фарёд зад:
– Аз бешармии ту дар ҳайратам. Монанди ту ягон гадои беобрӯ надидаам!
Кист ин ҷо шайх! Андар банди ту?
Ман надидам наргадо монанди ту.
Шайх гуфт:
– Эй амир, ман бандаам ва фармони Худовандро иҷро мекунам. Агар барои сер кардани шиками худам мебуд, онро пора мекардаму гадоӣ намекардам. Ман ҳафт сол боз ғайр аз гиёҳ чизе нахӯрдаам ва дар банди шикам набудаам.
Бо ин суханҳо шайх ба гиря даромад ва ашкҳо рехт. Ростии гуфтори шайх дар дили амир асар кард. Ӯ ҳам ба гиря даромад ва аз шайх узрҳо хосту гуфт:
– Ман, ҳар чӣ дорам, ба ту медиҳам. Ба хона биё ва ҳар чӣ мехоҳӣ, бардор:
Ҳар чӣ хоҳӣ, аз хизона баргузин,
Гарчи истеҳқоқ дорӣ сад чунин.
Хона они туст, ҳар чи-т майл ҳаст
Баргузин, худ ҳар ду олам андак аст».
Гуфт: «Дастуре надодандам чунин,
Ки ба дасти хеш чизе баргузин.
Шайх гуфт:
– Ман фармон надорам, ки чизеро худам гирам, балки бо гадоӣ бояд ба даст орам. Ин фармони Худост, ҳар чӣ Ӯ фармояд, он бикунам.
Шайх барои он ин гуна ҷавоб дод, ки аз содиқ будани амир ба гуфтаҳояш бовар надошт. Бо ин суханон роҳи худро пеш гирифт ва ду соли дигарро ҳамчунон ба гадоӣ гузаронид. Пас, аз Худованд фармон расид, ки баъд аз ин дигар чизе аз касе махоҳ. Вале ҳар чӣ аз Худованд мехоҳӣ, Худо бидиҳад, ки ба ҳоҷатмандон бибахшӣ.
Дигар гадоӣ макун. Мо ба ту тавоноӣ бахшидем, ки хок дар дастат зар мешавад. Аммо барои ин ки мардуми дилтангу ҳасуд ба ин роз пай набаранд, ба ҳар каси пеши ту барои дархости чизе омада, даст дар зери бӯрё, ки рӯйи он нишастаӣ, бикун ва он чиро ҳоҷат дорад, ба хоҳанда бидеҳ. Ин сазои фармонбардории туст ва ин мукофот аз ҷиҳати аз дилу ҷон худро дар хидмати Худо ва халқ қарор додану пайваста орзуи дидори Ҳақ карданат ҳаст.
Кам-кам кори шайх ривоҷ ёфт ва ҷойи ӯ дар пешгоҳи Худованди ҷаҳон он қадар мақому манзалат пайдо кард, ки агар ҳоҷатманде пеши ӯ меомаду аз шарм хоҳиши худро назди ӯ ба забон баён карда наметавонист, шайх аз дили ӯ огоҳ мешуд, ниёзашро медонист ва бе шарҳи хоҳиш ҳоҷати ӯро мебаровард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор