Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ ДАРВЕШИ ҲИРОТӢ

Дарвеше бебок аз шаҳри Ҳирот мегузашт. Дар роҳ саворон ва ғуломони амири Ҳиротро дид, ки бар аспони тозӣ саворанд, ки ҳама зину афзорашон қиматбаҳост ва бар тан либосҳои зарбофту пурарзиш доранд. Дар ин ҳол, он дарвеши бенаво аз ин диди худ дар шигифт шуд. Аз яке пурсид:
– Инҳое, ки бо ин қадар карру фар асп меронанд, киҳоянд?
Гуфт:
– Инҳо ғуломони амири Ҳирот ҳастанд.
Дили дарвеш фишурда шуд. Даст ба сӯйи осмон бардошту гуфт:
– Эй Худованд, банданавозиро аз ин амири Ҳирот бубин, ки дастпарварони худро чунин дар нозу неъмат нигоҳ медорад ва сарватмандӣ, вале ту аз ҳоли бандагони худ ғофилӣ:

Банда парвардан биёмӯз, эй Худо!
З-ин расид ихтиёри шаҳри мо!

Дарвеш бо ин аҳвол дар шаҳр мегашт, то рӯзе шунид, ки подшоҳ бар амири Ҳирот хашмгин шуда, ӯро ба зиндон андохтааст. Фитнаҷӯён ва бадхоҳон амири Ҳиротро ба молҷамъкунӣ муттаҳам карда буданд. Шоҳ ӯро зиндон кард ва ғуломонашро ҳам гирифтор сохта, зери шиканҷа қарор дод, то ин ки ба норостию корҳои бади ӯ иқрор шуда, бар зидди ӯ гувоҳӣ диҳанд ва ҷойи пинҳонкардаи ганҷу пули ӯро ошкор намоянд. Аммо ҳеч як ғулом сухане хилофи амири худ ба забон наёвард, ҳар чӣ бештар озор медиданд, камтар сухан аз даҳони онҳо берун меомад.
Дарвеш як шаб хоб дид, ки ҳотифе ба ӯ мегӯяд:
– Ту сарнавишти амири Ҳирот ва ғуломони ӯро дидӣ. Бандагӣ ва банда буданро ҳам аз онҳо биёмӯз, ки чӣ тавр озор мебинанду азоб дода мешаванд, вале сухане хилофи амири худ намегӯянд!

Гуфташ андар хоб ҳотиф, к-эй киё,
Банда будан ҳам биёмӯзу биё.
Эй дарида пӯстини Юсуфон,
Гар бидаррад гургат, он аз хеш дон.
З-он ки мебофӣ ҳамасола бипӯш,
З-он ки мекорӣ, ҳамасола бинӯш.

Худованди бузург агар ба ту камар дода, камарбанд надода бошад, агар сар дода, тоҷ набахшида бошад, ту чаро ба даргоҳи Парвардигор бо чунин бешармӣ муроҷиат мекунӣ? Оё ба андозаи ғуломони амири Ҳирот вафодорӣ ва рознигоҳдорӣ аз худ нишон додаӣ? Касоне, ки шукри неъматҳои ба онҳо атошударо мекунанд, албатта, сазовори бахшиши Худованд мешаванд. Ғуломони амир он ҷомаҳои гаронбаҳо ва аспҳои хушзотро аз роҳи вафодорию посдории ҳаққи амир ба даст оварданд. Дар рӯзи озмоиш мардона истодагарӣ карданд ва рози валинеъмати худро ба бегона ошкор накарданд. Ҳол он ки ту аз нодорию нотавонии зудгузари худ забони шикоят мекушоӣ!

пешина
аз 176
навбатӣ