Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ошиқи он ошиқони ғайб бош,
Ошиқони панҷрӯза кам тарош,
Вақти дарди чашму дандон ҳеч кас,
Дасти ту гирад ба ҷуз фарёдрас?

Бояд чун Аёз вафодорӣ биёмӯзӣ ва гузаштаи худро аз ёд набарӣ. Аёз кафши куҳна ва ҷомаи жандаи худро, ки дар рӯзгори нодорӣ ва пеш аз наздикшавӣ ба Султон Маҳмуд дошт, дар ҷое пинҳон карда буд ва барои ин ки қадри неъмати подшоҳро бидонад, сари ҳар чанд вақт як бор ба ҷойи пинҳонкардааш мерафт ва бо дидани кафшу ҷомаи куҳнаи худ замони нодорию бадбахтии худро ба ёд оварда, дараҷаи вафодорию хидматгузории ӯ ба шоҳ меафзуд:

Пас ҳамон дарду маразро ёд дор,
Чун Аёз аз пӯстин кун эътибор.
Пӯстин он ҳолати дарди ту аст,
Ки гирифтаст он Аёз онро ба даст.

Султон Маҳмуд бо қасди ба сухан овардани Аёз аз ӯ мепурсид, ки ин дилбастагии ту ба куҳнаҷома ва кафши дарида чист ва чаро гоҳу ногоҳ бо онҳо дар хилват роз мегӯйӣ ва меҳр меварзӣ?

Эй Аёз, ин меҳрҳо бар чоруқе
Чист охир? Ҳамчу бар бут ошиқе.
Ҳамчу Маҷнун аз рухи Лайлии хеш
Кардаӣ ту чоруқеро дину кеш?
Бо ду куҳна меҳри ҷон омехта,
Ҳар дуро дар ҳуҷрае овехта.
Чанд гӯйӣ бо ду куҳна нав сухан?
Дар ҷамоде медамӣ сирри куҳан?
Сурате пайдо кунад бар ёди ӯ,
Ҷазби сурат орадат дар гуфтугӯ,
Роз гӯйӣ пеши сурат сад ҳазор,
Ончунон ки ёр гӯяд пеши ёр.
Ончунон ки модари дилбурдае
Пеши гӯри баччаи навмурдае,

Аёз ба забони ҳол мегуфт:
– Ҳангоме ки азизе дар гӯр меравад, аввал ҳар дам ва ҳар рӯз ба сари гӯри ӯ мераванд. Аммо ба зудӣ фаромӯшӣ меояд, чунки:

Ишқ бар мурда набошад пойдор,
Ишқро бар ҳаййи ҷонафзой дор.
Баъд аз он з-он гӯр худ хоб оядаш,
Аз ҷамодӣ ҳам ҷамоде зоядаш.
З-он ки ишқ афсуни худ бирбуду рафт,
Монд хокистар, чу оташ рафт тафт.
Он чӣ бинад он ҷавон дар ойина,
Пир андар хишт мебинад ҳама.

Валекин ман ошиқи зиндаам ва куҳнаю жандаро барои ибрати ҳоли худ ва ёдоварии рӯзгори нодорӣ нигоҳ доштам, то ишқи султонро ҳар лаҳза дар дили худ афзун кунам:

Пир ишқи туст, на риши сапед,
Дастгири сад ҳазорон ноумед.

Хешовандон ба Маҷнун гуфтанд:
– Лайлӣ он қадар ҳусне надорад, ки ту ин сон шефтаи рӯйи ӯ шуда, дил ба ӯ бохтӣ. Садҳазорон дилбарони беҳтар аз ӯ дар ҷаҳон ҳастанд:

пешина
аз 176
навбатӣ