Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Беҳтар аз ӯ сад ҳазорон дилрабо,
Ҳаст ҳамчун моҳ андар шаҳри мо.
Маҷнун гуфт:
– Он чи ман мебинам, шумо намебинед:
Гуфт: «Сурат кӯза асту ҳусн май,
Май Худоям медиҳад аз нақши вай.
Мар шуморо сирка дод аз кӯзааш,
То набошад ишқи ӯтон гӯшкаш».
Аз яке кӯза диҳад заҳру асал,
Ҳар якеро дасти Ҳақ азза ва ҷал.
Кӯза мебинӣ, валекин он шароб
Бода аз ғайб асту кӯза з-ин ҷаҳон,
Кӯза пайдо, бода дар вай бас ниҳон.
Бас ниҳон аз дидаи номаҳрамон,
Лек бар маҳрам ҳувайдову аён.
Худовандо!
Ту чу ҷонӣ, мо мисоли дасту по,
Қабзу басти даст аз ҷон шуд раво.
Ту чу ақлӣ, мо мисоли ин забон,
Ин забон аз ақл дорад ин баён.
Ту мисоли шодиву мо хандаем,
Ки натиҷай шодии фархундаем.
Эй бурун аз ваҳму қолу қили ман,
Хок бар фарқи ману тамсили ман.
Чунки баҳри ишқи Яздон ҷӯш зад,
Бар дили ӯ зад, туро бар гӯш зад.
Бо ин мисолҳо, ҳоли мо ҳоли он чӯпон аст, ки барои Худованд хонаро ҷорӯб мекарду мехост, ки шабушкҳои сари ӯро биҷӯяду бикушад:
Кас набудаш дар ҳавою ишқ ҷуфт,
Лек қосир буд аз тасбеҳу гуфт.
Мағфират мехоҳам аз ҷурму хато,
Аз паси он парда, аз лутфи Худо.
ДОСТОНИ КАДХУДО ВА ЗАНАШ
Буд марде кадхудо, ӯро зане,
Сахт таннозу палиду раҳзане.
Кадхудое зани зебо, вале зишткору дағал дошт. Марди заҳматкаш ҳар чӣ ба хона меовард, зан онро талаф мекард ва нобуд месохт. Шавҳараш аз беэътиноӣ ва бадкории ӯ ба танг омада буд.
Рӯзе кадхудо аз ним ман бештар гӯшт харида, ба хона овард. Ба зан доду гуфт:
– Имрӯз меҳмон дорам, бо ин гӯшт хӯроке тайёр кун!
Ва аз пушти кори худ рафт.
Зан гӯштро кабоб карда, бо шароб хӯрд ва чун шавҳараш ба хона баргашт, аз занаш пурсид, ки хӯрокпазӣ дар кадом ҳолат аст, зеро меҳмон ҳам ҳамин ҳозир аз роҳ расида меояд. Зан гуфт, ки гӯштро гурба хӯрдааст ва агар барои меҳмон хӯрок лозим бошад, бояд биравӣ ва боз гӯшт бихарӣ.
Кадхудо хашмгин шуд, тарозу овард ва гурбаро баркашид. Гурба ним ман вазн дошт. Он гоҳ ба он зани дурӯғгӯй гуфт:
– Гӯште, ки ман харида будам, аз ним ман бештар буд. Чӣ гуна гурбае, ки ҳоло ҳам аз ним ман зиёд вазн надорад, гӯштро хӯрдааст:
Ин агар гурбаст, пас он гӯшт ку?
В-ар бувад ин гӯшт, гурба ку? Бигӯ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор