Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

– Хонаи зоҳидро нишон бидеҳ, то бо ин гурзи гарон сари ӯро бикӯбам. Ӯ чӣ медонад, ки амри маъруф чист. Ӯ риёкорӣ мекунад ва мехоҳад худро миёни мардум машҳур созад:

Ӯ чӣ донад амри маъруф аз сагӣ,
Толиби маъруфӣ асту шуҳрагӣ.
То бад-ин солуси худро ҷо кунад,
То ба чизе хештан пайдо кунад.

Ҳунари ӯ такаббур ва худнамоӣ аст. Ман меравам, то сазояш бидиҳам.
Амир хашмгин, гурз бар даст худро ба дари кулбаи зоҳид расонд. Зоҳиди бечора аз тарс худашро зери тӯдаҳои пашм пинҳон карда буд, дашномҳои амирро шунида овоз намебаровард ва бо худ мегуфт:
– Ин ойина аст, ки метавонад айби туро ба ту бинамояд!

Гуфт: «Дар рӯ гуфтани зиштии мард
Ойина тонад, ки рӯро сахт кард.
Рӯй бояд ойинавор, оҳанин,
Тот гӯяд: Рӯйи зишти худ бибин».

Аз доду фарёди амир ҳама аҳли маҳалла хабардор шуданд, берун баромада даври амирро гирифтанд, аз ӯ бахшиши зоҳидро дархост намуданд ва мегуфтанд:
– Ин мард пир шудааст, ақлаш заиф гардида, аз он ҳама зуҳду тоат чизе дар хирадаш кушода нашудааст. Ӯ сазовори гузашту бахшиши шоҳ аст. Аз гуноҳи ӯ бигузар:

Мағзи ӯ хушк асту ақлаш ин замон
Камтар аст аз ақлу фаҳми кӯдакон.
Зуҳду пирӣ заъф бар заъф омада
В-андар он зуҳдаш кушоде ношуда.
Ранҷ дида, ганҷ нодида зи ёр,
Корҳо дида, надида музди кор.

Амир гуфт:
– Ӯ кист, ки санг бар сабӯйи мо бизанад ва ғуломи моро биёзорад, моро пеши меҳмон хиҷилу шармсор кунад?

Бандаи моро чаро озурд дил?
Кард моро пеши меҳмонон хиҷил.
Шарбате, ки беҳ зи хуни ӯст, рехт?
Ин замон ҳамчун занон аз мо гурехт,
Лек ҷон аз дасти ман ӯ кай барад?
Гир, ҳамчун мурғ боло барпарад.
Тири қаҳри хеш бар парраш занам,
Парру боли мурдарегаш барканам.
Гар равад дар санги сахт, аз кӯшишам,
Аз дили сангаш кунун берун кашам.
Ман биронам бар тани ӯ зарбате,
Ки бувад қавводагонро ибрате.
«Бо ҳама солус? Бо мо низ ҳам?
Доди ӯву сад чу ӯ ин дам диҳам».
Хашми хунхораш шуда буд саркаше,
Аз даҳонаш мебаромад оташе.

Мардум дасту пойи амирро мебӯсиданд ва мегуфтанд:
– Хашмгирӣ ва кинадорӣ шоистаи подшоҳ нест. Ту шоҳи меҳрубону нармдилӣ ва ҳоҷат ба бодаю май надорӣ:

пешина
аз 176
навбатӣ