Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳеч муҳтоҷи майи гулгун наӣ,
Тарк кун гулгуна, ту гулгунаӣ.
Ту хушу хубию кони ҳар х(в)шӣ,
Ту чаро худ миннати бад мекашӣ?

Амир гуфт:
– Ин паёмбарону мардумони ҷон огоҳ ҳастанд, ки барои сархушӣ ба май ниёз надоранд. Онҳоро ҷонашон бо Худо наздик аст ва аз ин наздикӣ ғарқи шодианд, аммо ман бода менӯшам, то сархуш шавам:

Ман чунон хоҳам, ки ҳамчун ёсамин
Каж ҳамегардам чунон, гоҳе чунин.
Вораҳида аз ҳама хавфу умед,
Каж ҳамегардам ба ҳар сӯ ҳамчу бед.
Ҳамчу шохи бед гардон чаппу рост,
Ки зи бодаш гуна-гуна рақсҳост.
Он ки хӯ кардаст бо шодии май,
Ин хуширо кай писандад, хоҷа, кай!
Анбиё з-он з-ин хушӣ берун шуданд,
Ки сиришта дар хушии Ҳақ буданд.
З-он ки ҷоншон он хуширо дида буд,
Ин хушиҳо пешашон бозӣ намуд.

ДОСТОНИ КАДХУДО, ЗАНАШ ВА МЕҲМОН

Тани одамӣ монанди меҳмонхона аст. Ҳар дам меҳмони наве аз роҳ расида меояд ва вориди меҳмонхона мешавад. Ҳеч гоҳ аз омадани меҳмони нав набояд дар ташвиш шуд, зеро ҳар чӣ аз ғайб бирасад, дар он ҳикмате ва неъмате мавҷуд аст.
Меҳмони нохондае аз роҳ расид. Соҳибхона ӯро азизу гиромӣ дошт. Дастархоне барояш густурда, ӯро пазироии шоёна намуд. Дар гӯши занаш гуфт, ки як бистар барои худамон наздики дар биандоз ва як бистари дигар барои меҳмон дар кунҷи хона мураттаб намо. Зан, чунон ки шавҳараш гуфта буд, ҷойи хоб андохт ва онҳоро танҳо гузошта ба ошпазхона рафт. Кадхудо ва меҳмон то муддате аз дастархон хушку тар хӯрдаю саргузаштҳо ба якдигар ҳикоят карданд. Чун меҳмон хаста шуд, бархост ва ба бистаре, ки зан барои худашу шавҳараш дар назди дар андохта буд, рафт, то хоб кунад. Соҳибхона хиҷолат кашид ва натавонист ба меҳмон гӯяд, ки ҷойи хоби ӯ дигар ҷой аст. Он шаб борони сахт боридан гирифт. Зан бехабар аз ҳодисаи ҷойивазшавии бистарҳо урён шуда, ба ҷойхоби меҳмон даромад ва чанд бӯсае ба рӯйи ӯ зад, ба гумоне, ки шавҳараш аст ва дар гӯшаш гуфт:
– Дидӣ, ки ин борони сахт меҳмонро дарди сарат кард.
Меҳмон аз ҷо ҷасту гуфт:
– Эй зан, ташвиш накаш, ман чакман дорам ва аз роҳ рафтан дар зери борон намеҳаросам:

Зуд меҳмон ҷасту гуфт: «Эй зан биҳил,
Мӯза дорам, ғам надорам ман зи гил.
Ман равон гаштам, шуморо хайр бод,
Дар сафар як дам мабодо рӯҳ шод.

пешина
аз 176
навбатӣ