Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Модари муъминон, ҳамсари Паёмбари акрам (с) – Оиша (р), ки он ҷо буд, чун кӯрро дид, ба дигар ҳуҷра давид, то рӯймоле бар сар кунад. Он бону медонист, ки ҳазрати Муҳаммад (с) рашки зиёд дорад ва намехост дили ӯ малул гардад. Паёмбари Худо (с) ба Оиша (р) гуфт:
– Ӯ туро намебинад, чаро пинҳон мешавӣ?
Оиша (р) гуфт:
– Дуруст аст, ки ӯ маро намебинад, аммо ман ӯро мебинам ва аз рашки ту ҳам огоҳам.

Гуфт Пайғамбар барои имтиҳон,
«Ӯ намебинад туро, кам шав ниҳон».
Кард ишорат Оиша бо дастҳо:
«Ӯ набинад, ман ҳамебинам варо».

Он ки зебост, худро аз тиррасӣ дур нигоҳ медорад, аммо он ки зишту пир аст, ҳоҷате ба пинҳон шудан надорад:

Рашк аз он афзунтар аст андар танам,
К-аз худаш хоҳам, ки ҳам пинҳон кунам.
З-оташи рашки гарон оҳанги ман,
Бо ду чашму гӯши худ дар ҷанг ман.

Барои амиру сардори турк ҳамон нимашаб мутриберо оварданд ва ӯ сурудан оғоз кард.

Мутриб оғозид пеши турки маст,
Дар ҳиҷоби нағма асрори аласт.

Суруди ӯ чунин буд:

«Ман надонам, ки ту моҳӣ ё васан?
Ман надонам, то чӣ мехоҳӣ зи ман?
Менадонам, ки чӣ хидмат орамат?
Тан занам ё дар иборат орамат?
Ин аҷаб, ки нестӣ аз ман ҷудо,
Менадонам ман куҷоам? Ту куҷо?
Менадонам, ки маро чун мекашӣ?
Гоҳ дар бар, гоҳ дар хун мекашӣ».
Ҳамчунин лаб дар «надонам» боз кард,
«Менадонам, менадонам» соз кард.
Чун зи ҳад шуд «менадонам» аз шигифт,
Турки моро з-ин ҳарора дил гирифт.

Сардори турк аз «надонам, надонам» гуфтани мутриб сахт барошуфт ва шамшери худро берун кашид, ки бар сари ӯ бизанад. Фармондеҳе, ки он ҷо буд, дасташро гирифт ва гуфт:
– Эй амир, дар ин ҳангом мутрибкушӣ кори дуруст нест.
Сардор гуфт:
– Охир аз ин оҳанги «надонам, надонам» дилам гирифт:

Гуфт: «Ин такрори беҳадду мараш
Кӯфт табъамро, бикӯбам ман сараш.
Қалтабоно, менадонӣ, гуҳ мах(в)ар,
В-ар ҳамедонӣ, бизан, мақсуд бар.
Он бигӯ, эй гиҷ, ки медонияш,
«Менадонам, менадонам» дармакаш.
Ман бипурсам, к-аз куҷоӣ, ҳай мурӣ?
Ту бигӯйӣ на зи Балху на-з Ҳарӣ.
На зи Бағдоду на Мавсил, на Тароз,
Даркашӣ дар «нею не» роҳи дароз.

Суханро ба дарозо макаш. Аз он чи медонӣ, бигӯ, на аз он чи намедонӣ!

пешина
аз 176
навбатӣ