Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Ин суханхойии дароз аз баҳри чист?
Гуфт мутриб: «З-он ки мақсудам хафист.
Мерамад исбот пеш аз нафйи ту,
Нафй кардам, то барӣ з-исбот бӯ.
Дар наво орам ба нафй ин созро,
Чун бимирӣ, марг гӯяд розро».
Мутриб гуфт:
– Ман аз роҳи инкор мехоҳам амирро исбот намоям. Магар нашунидаӣ, ки Паёмбари акрам (с) гуфт:
– Бимиред, пеш аз он ки бимиред, яъне, то зиндаед, худро бимиронед, то ин ки аз рози ниҳон огоҳ шавед. То намирӣ, ҷон аз ин «надонам»-ҳою нодониҳо раҳо намешавад. Ситораҳо, ки рафтанд, хуршед намоён мешавад:
То нагаштанд ахтарони мо ниҳон,
Дон, ки пинҳон аст хуршеди ҷаҳон.
Дар ин ҷаҳон зид ба воситаи зид шинохта мешавад:
Нафй зидди ҳаст бошад, бе шаке,
То зи зид зидро бидонӣ андаке.
Ин замон ҷуз нафй зид эълом нест,
Андар ин нашъат даме бе дом нест.
Одаме, ки болиғ мешавад, дигар кӯдак нест ва хоке, ки зар мегардад, дигар хок нест. Барои ҳамин Пайғамбари Худо (с) фармудааст:
– Агар мехоҳӣ чашми дилат боз шавад, пеш аз мурдан бимир, яъне, худхоҳию худпарастиро фаромӯш кун. Аммо ин нукта бо ақл фаҳмида намешавад, бо марг дониста хоҳад шуд. Муҳаммад (с), ки ҳама чизро медонисту медид, аз худ гузашта буд. Абӯбакр, ки лақаби Сиддиқ, яъне «Ростгӯйтарин» ёфт, ҳамчунин аз худ гузашта буд.
Борҳо аз ҳазрати Муҳаммад (с) пурсиданд, ки то қиёмат ва растохез чӣ қадар роҳ аст? Ӯ ба забони ҳол мегуфт:
– Оё аз растохез ҳоли растохезро мепурсанд?
Пас, қиёмат шав, қиёматро бибин,
Дидани ҳар чизро шарт аст ин.
Ақл гардӣ, ақлро донӣ камол,
Ишқ гардӣ, ишқро донӣ зубол.
Гуфтаме бурҳони ин даъво мубин,
Гар будӣ идрок андархурди ин.
Дар ҳама олам агар марду зананд,
Дам ба дам дар назъу андар мурдананд.
ДОСТОНИ ШОИРИ ҶАҲОНГАРД ВА МАРДУМИ ҲАЛАБ
Рӯзи даҳуми моҳи Муҳаррам, ки рӯзи Ошуро аст, мардуми шиъамазҳаб барои ёдоварии ҳодисаи Карбало ва кушта шудани Имом Ҳусайну ёронаш ҷамъ мешаванду гиряю зорӣ мекунанд. Дар Ҳалаб низ монанди шаҳрҳои шиъанишин ҳамин расм барпост. Дар чунин рӯз шоири ғарибе ба Ҳалаб расид ва аз дарвозаи Антокия ба шаҳр даромад. Гурӯҳи бисёреро дид, ки синазанону навҳахонон ва ашкрезон азодорӣ мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор