Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Як ғарибе шоире аз раҳ расид
Рӯзи Ошурову он афғон шунид.
Шаҳрро бигзашту в-он сӯ рой кард,
Қасди ҷустуҷӯйи он ҳайҳой кард.

Ҳар кас мерасид, мепурсид, ки чӣ хабар аст? Барои чӣ ҳама гирёну нолонанд? Магар бузурге дар ин шаҳр мурдааст? Агар чунин аст, маро огоҳ кунед, то барои ӯ марсияе бинависам ва бисароям.
Мардум гуфтанд:
– Эй мард, ту магар кофир ва душмани хонадони Паёмбарӣ? Магар намедонӣ, ки рӯзи Ошуро душманони дини ислом фарзанду набераҳои Пайғамбарро кушта ва хуни онҳоро ба ноҳақ рехтаанд? Акнун солҳост, ки мардум дар ин рӯз гирд меоянду азодорӣ мекунанд.
Шоир гуфт:
– Инро медонам. Аз он рӯз то кунун вақти зиёде гузаштааст. Замони Язид куҷою ҳоло куҷо? Чӣ тавр шумо ин қадар дер аз ин саргузашт огоҳ шудаед? Ҳар кару кӯре ин достони дарднокро шунидааст.

Гуфт: «Оре, лек ку даври Язид?
Кай будаст ин ғам? Чӣ дер ин ҷо расид?
Чашми кӯрон он хисоратро бидид,
Гӯши каррон он ҳикоятро шунид.
Хуфта будастед то акнун шумо
Ки кунун ҷома даридет аз азо?
Пас азо бар худ кунед, эй хуфтагон?
З-он ки бад маргест ин хоби гарон».

Онҳо, ки кушта шуданд, аз зиндони тан раҳоӣ ёфтанд ва ба биҳишти Худо рафтанд. Барои онҳо шодӣ бояд кард, на нолаву фарёду на ҷомадарониву синакӯбӣ!

Рӯҳи султонӣ зи зиндоне биҷаст,
Ҷома бидронему чун хоем даст?
Чунки эшон хусрави дин будаанд,
Вақти шодӣ шуд чу бишкастанд банд.
Сӯйи шодурвони давлат тохтанд,
Кундаву занҷирро андохтанд.
Рӯзи мулк асту гашу шоҳаншаҳӣ,
Гар ту як зарра аз эшон огаҳӣ.
В-ар найӣ огаҳ, бирав бар худ гирӣ,
З-он ки дар инкори нақлу маҳшарӣ.

Шумо ба ростӣ аз ҳақиқат хабар доред ё не? Агар хабар доред, биравед, шодӣ кунед ва агар хабар надоред, бар ҳолу ғафлати худатон гиряву зорӣ кунед, ҷомаҳо бидаред. Бар ҳоли худатон гиря кунед, ки ҷаҳони дигарро намешиносед, барои шахси бо ҳамаи ҷон харидори он ҷаҳоншуда шодӣ кунед!

Бар дилу дини харобат навҳа кун,
Ки намебинад ҷуз ин хоки куҳун.
В-ар ҳамебинад, чаро набвад далер,
Пуштдору ҷонсипору чашмсер?
Дар рухат ку аз майи дин фаррухӣ?
Гар бидидӣ баҳр, ку каффи сахӣ?
Он ки ҷӯ дид, обро накнад дареғ,
Хоса он, к-ӯ дид он дарёву меғ.

пешина
аз 176
навбатӣ