Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ «Маснавии маънавӣ»-ро бо ин қитъаи зебо оғоз мекунад. Ӯ достони найро, ки аз найситон бурида шуда, аз ёрони худ ҷудо мондааст, бо тарзи шево баён мекунад. Най менолад ва бар дурӣ аз найзор ва найҳои дигар зорӣ мекунад ва навои сӯзноки худро, ки ҳикоят аз дур мондан аз хона, ватан, хонавода, аслу табори хеш аст, сар медиҳад ва ба гӯши дигарон мерасонад. Ҳама гирди асли худ мегарданд ва агар дур афтода, ба нола дармеоянд. Ҷӯшишҳо ва кӯшишҳо барои ин аст, ки ба «асл»-и хеш баргардем ва най ин орзу ва хоҳишро бо навои дилнишин ба гӯши ҳама мерасонад. Ин қисса, ки дар муқаддимаи «Маснавии маънавӣ» аст, аз гӯётарину зеботарин гуфторҳои Мавлоност. На танҳо аз ҷиҳати маъно дилнавоз, балки аз лиҳози лафзу ҳунари шеърӣ низ гӯшнавоз мебошад. Ҳоло ба гуфти Мавлавӣ:

Бишнавед, эй дӯстон, ин достон,
Худ ҳақиқат нақди ҳоли мост он.

ДОСТОНИ ИШҚИ ПОДШОҲ ВА КАНИЗАК

Буд шоҳе дар замонҳо пеш аз ин,
Мулки дунё будашу ҳам мулки дин.
Иттифоқо, шоҳ шуд рӯзе савор,
Бо хавоси хеш аз баҳри шикор.
Як канизак дид шаҳ бар шоҳроҳ,
Шуд ғуломи он канизак подшоҳ.
Мурғи ҷонаш дар қафас чун метапид,
Дод молу он канизакро харид.

Шоҳ канизро дида ошиқи ӯ мешавад. Ӯро мехарад, ба хона мебарад ва ҳамсари худ мекунад:

Чун харид ӯрову бархурдор шуд,
Он канизак аз қазо бемор шуд.
Он яке хар дошт, полонаш набуд,
Ёфт полон, гург харро даррабуд.
Кӯза будаш, об меномад ба даст,
Обро чун ёфт, худ кӯза шикаст.

Канизак бемор мешавад ва шоҳи ошиқу гирифтори ӯ ҳамаи табибонро гирд меоварад, то ӯро дармон кунанд. Онҳо омада гуфтанд:

Ҳар яке аз мо Масеҳи оламест,
Ҳар аламро дар кафи мо марҳамест.

Вале:

Ҳар чӣ карданд аз илоҷу аз даво,
Гашт ранҷ афзуну ҳоҷат нораво.
Он канизак аз мараз чун мӯй шуд,
Чашми шаҳ аз ашки хун чун ҷӯй шуд.
Аз қазо сиркангубин сафро фузуд,
Равғани бодом хушкӣ менамуд.

Шоҳ чун аз табибон навмед шуд ва донист, ки ба дармони ӯ дармондаанд, рӯ ба даргоҳи Худо овард ва ба дуо пардохт:

Шаҳ чу аҷзи он ҳакимонро бидид,
Побараҳна ҷониби масҷид давид.
Рафта дар масҷид, сӯйи меҳроб шуд,
Саҷдагоҳ аз ашки шаҳ пуроб шуд.

пешина
аз 176
навбатӣ