Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Шоҳ ба Худо гуфт:

К-эй камина бахшишат мулки ҷаҳон,
Ман чӣ гӯям, чун ту медонӣ ниҳон!
Эй ҳамеша ҳоҷати моро паноҳ,
Бори дигар мо ғалат кардем роҳ.
Чун баровард аз миёни ҷон хурӯш,
Андар омад баҳри бахшоиш ба ҷӯш.
Дар миёни гиря хобаш даррабуд,
Дид дар хоб ӯ, ки пире рӯ намуд.
Гуфт: «Эй шаҳ, мужда, ҳоҷатат равост,
Гар ғарибе оядат, фардо зи мост».

Шоҳ хоб дид, ки пире ба ӯ мужда дод фардо табиби донишманде аз роҳ мерасад ва ба ёрии ӯ меояду бемории канизакро дармон мекунад. Рӯзи баъд шоҳ интизор нишаст, то офтоб баромад.

Дид шахси фозиле, пурмояе,
Офтобе дар миёни сояе.
Мерасид аз дур монанди ҳилол,
Нест буду ҳаст бар шакли хаёл.
Нестваш бошад хаёл андар равон,
Ту ҷаҳоне бар хаёле бин равон:
Бар хаёле сулҳашону ҷангашон
В-аз хаёле фахрашону нангашон.
Он хаёле, ки шаҳ андар хоб дид,
Дар рухи меҳмон ҳамеомад падид.

Бомдод табибе ба шакли пире, ки дар хоб дида буд, ба дарбор омад. Шоҳ ба пешвози ӯ рафт ва ӯро гиромӣ дошт ва адаб кард:

Аз Худо ҷӯем тавфиқи адаб,
Беадаб маҳрум гашт аз лутфи Раб.
Беадаб танҳо на худро дошт бад,
Балки оташ дар ҳама офоқ зад.

Шоҳ меҳмонро боадаб пазируфт ва ба сару рӯйи ӯ бӯса заду гуфт. Сипас, достони ишқи худро бо канизак бозгуфт ва ӯ хост, ки ба дармонаш бикӯшад ва ҳар чӣ тавонад, бикунад, то беҳбуд ёбад. Табиб беморро дид ва ҳоли ӯ пурсид ва донист, ки табибон бемории ӯро нашинохтаанд ва ҳар чӣ дору додаанд, суд накардааст.

Гуфт: «Ҳар дору, ки эшон кардаанд,
Он иморат нест, вайрон кардаанд.
Дид ранҷу кашф шуд бар вай ниҳуфт,
Лек пинҳон карду бо султон нагуфт.
Ранҷаш аз сафрову аз савдо набуд,
Бӯйи ҳар ҳезум падид ояд зи дуд.
Дид аз зориш, к-ӯ зори дил аст,
Тан хуш асту ӯ гирифтори дил аст.
Ошиқӣ пайдост аз зории дил,
Нест беморӣ чу бемории дил.
Иллати ошиқ зи иллатҳо ҷудост,
Ишқ устурлоби асрори Худост.
Ошиқӣ гар з-ин сару гар з-он сар аст,
Оқибат моро бад-он сар раҳбар аст.
Ҳар чӣ гӯям ишқро шарҳу баён,
Чун ба ишқ оям, хиҷил бошам аз он.
Гарчи тафсири забон равшангар аст,
Лек ишқи безабон равшантар аст.
Чун қалам андар навиштан мешитофт,
Чун ба ишқ омад, қалам бар худ шикофт.
Ақл дар шарҳаш чу хар дар гил бихуфт,
Шарҳи ишқу ошиқӣ ҳам ишқ гуфт.
Офтоб омад далели офтоб,
Гар далелат бояд, аз вай рӯ матоб.

пешина
аз 176
навбатӣ