Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Пулдоре ба дарвеш гуфт:
– Мехоҳӣ, ки як силие* ба ту бизанаму имрӯз як динор бидиҳам ё фардо се динор?
Дарвеш гуфт, ки беҳтар мебуд агар дирӯз ним динор, имрӯз як динор ва фардо сад динор медоштам:

Силии нақд аз атои нася беҳ,
Ман қафо пешат кашидам, нақд деҳ.

Мушу чағз маслиҳат карданд ва чораҳо андешиданд. Дар охир бар ин қарор омаданд, ки ресмони дарозе пайдо кунанд. Як сари онро ба пойи муш ва сари дигарро ба пойи чағз бибанданд, то ҳар гоҳ ки дили муш танг шуду соҳили ҷӯйи об омад, он ресмонро бикашад ва чағзро аз омадани худ огоҳ намояд.

То ба ҳам оем з-ин фан мо ду тан,
Андаромезем чун ҷон бо бадан.
Ҳаст тан чун ресмон бар пойи ҷон,
Мекашонад бар заминаш з-осмон.

Чағз (ғук) аз ин побандии хеш бо муш осуда набуд, зеро ӯро ҳамҷинси худ намедонист ва дилаш намехост озодии худро аз даст бидиҳад. Аммо шарти дӯстӣ набуд, ки дили дӯсти худро бишканад, бо вуҷуди он ки дилаш қабули ин корро намепазируфт. Бисёр иттифоқ меафтад, ки одамӣ медонад, ки набояд ба ҷойи муайян биравад ё ба кори муайяне даст бизанад, қазову қадар кори худро мекунад ва одамиро бар хилофи майли худ ба сӯе ё коре мекашад.

Ин дилам ҳаргиз намегӯяд дурӯғ,
Ки зи нури Арш дорад дил фурӯғ.

Аммо дар баробари қазо коре аз дасти касе намеояд, чун қазо ояд, табиб аблаҳ шавад. Аз ин сабаб ҳам гоҳе нобиное аз чоҳ мегузараду бино дар чоҳ меафтад.

Ин аҷаб набвад, ки кӯр афтад ба чоҳ,
Булаҷаб афтодани бинои роҳ.
Ҳам бидонад, ҳам надонад дил фанаш,
Мум гардад баҳри он муҳр оҳанаш.

Ҳангоме ки подшоҳи Ҳабаш ба Макка ҳуҷум кард, пешопеши лашкараш филҳо ҷойгир буданд ва сардастаи филон фили сафеде буд. Чун наздики Макка расиданд, фили сафед истоду пеш нарафт, ҳарчанд кашиданд, бефоида буд. Ҳама хаёл карданд, ки пойи ӯ хушк шудааст ва марги ӯ наздик аст. Онҳо намедонистанд, ки дили фили сафед ба ҳуҷум кардани ӯ ба Макка ва хароб кардани он роҳ намедод. Ҳамин ки филбон сари ӯро аз Макка ба сӯйи Ҳабаш гардонид, фил ба роҳ афтод ва ҷон гирифт.
Бармегардем ба кори дӯстон. Оқибат мушу чағз ресмоне ёфта, ҳар кадом сари ресмонро ба пойи худ баст ва ба ин васила ҳар гоҳ дилашон мехост, метавонистанд ҳамдигарро биёбанд ва дар соҳили ҷӯйи об дидорбинии нав кунанд.

пешина
аз 176
навбатӣ