Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Рӯзе муш ба ҷустуҷӯйи дӯсти худ дар қароргоҳ ҳозир шуд ва ресмонро кашид, ки чағзро хабар кунад. Дар он ҳол зоғе аз осмон мушро дид ва ба сараш фурӯд омада, ӯро дар чанголи худ фишурду ба ҳаво парид. Мардум диданд, ки зоғе дар чанги муш парвоз дорад ва бо ресмоне чағзро аз қафои худ дар осмон мебарад. Ҳама ҳайрон буданду мегуфтанд:
– Чӣ гуна чунин коре имкон дорад? Чағз ҳеҷ гоҳ сайди зоғ набудааст.
Чағз фарёд зад:
– Ин бало бар ман аз ёри ноҳамҷинс расид!

Эй фиғон аз ёри ноҷинс, эй фиғон,
Ҳамнишини нек ҷӯед, эй меҳон!

Ман чағз будаму хонаам дар об буд. Маро бо муш, ки манзилаш дар хок аст, чӣ нисбат буд? Сазои ҳар касе, ки бо ноҳамҷинс ёр шавад, ҳамин аст!

  • Чағз – ғуки обӣ, қурбоққа.
  • Силӣ – шапотӣ задан.

ДОСТОНИ СУЛТОН МАҲМУД ВА ДУЗДОН

Шаб чу шаҳ Маҳмуд бармегашт фард,
Бо гурӯҳе қавми дуздон бозх(в)ард.

Шабе Султон Маҳмуди Ғазнавӣ барои огоҳӣ аз вазъи шаҳру мардумони он ба гардиши шабона рафта буд, ки ба дастае аз шабгардони дузд вохӯрд. Онҳо аз ӯ пурсиданд, ки ӯ кист ва чӣ кора аст.
Гуфт:
– Ман ҳам мисли шумоҳо шабгардам.
Дуздҳо гуфтанд:
– Ту ҳам ба ҷамоати мо бипайванд.
Ӯ бо онҳо ҳамроҳ шуд. Чун ҷое ором гирифтанд, қарор шуд, ки ҳар кадом ҳунари хоси худро ҳикоят кунад. Он гоҳ бидонанд, ки дар ин бобат кӣ чӣ медонаду метавонад.

Он яке гуфт: «Эй гурӯҳи макркеш!
То бигӯяд ҳар яке фарҳанги хеш.

Аввалӣ гуфт:
– Ҳунари ман дар ду гӯши ман аст. Ҳар садоеро бишнавам, ба мақсади соҳиби овоз пай мебарам ва ҳатто чӣ гуфтани сагу ҳайвоноти дигарро мефаҳмам.
Дувумӣ гуфт:
– Хосияти ман дар чашмҳои ман аст, ҳар касеро дар торикии шаб бинам, дар рӯз ҳар куҷо бошад, ӯро мешиносам.

Ҳар кӣ имшаб бинам андар қирвон,
Рӯз бишносам ман ӯро бегумон.

Севумӣ гуфт:
– Ҳунари ман дар бозуи ман аст, бо дастҳоям метавонам ҳар ҷо бихоҳам нақб бизанам.
Чаҳорумӣ гуфт:
– Бинии ман ҳар бӯйро фарқ мекунад. Агар хокро бӯ кунам, медонам, ки чӣ маъдане дар зери он пинҳон аст ва агар ганҷе нуҳуфта бошад, ҷойи онро нишон хоҳам дод.
Панҷумӣ гуфт, ки рӯзии ман дар панҷаҳои ман аст, камандандози тавоное ҳастам ва ба ҳар деворе ба осонӣ мебароям.

пешина
аз 176
навбатӣ