Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Он гоҳ дуздон аз Султон Маҳмуд пурсиданд, ки ҳунари ту чист ва ба кадом кор машғулӣ?

Пас бипурсиданд з-он шаҳ, к-эй санад!
Мар туро хосият андар чӣ бувад?

Шоҳ гуфт:
– Ҳунари ман дар риши ман аст. Ҳар гоҳ онро биҷунбонам, ҳар гунаҳгоре, ки пойи дор бошад, халос хоҳад ёфт.

Муҷримонро чун ба ҷаллодон диҳанд,
Чун биҷунбад риши ман, онҳо раҳанд!

Дуздон шод шуданд ва гуфтанд:
– Чун ту рӯзе сабаби наҷоти мо аз бадбахтӣ хоҳӣ шуд, туро сарвари худ интихоб мекунем.
Бо ин қарор ба роҳ афтоданд, ки ба қасри шоҳ бираванд ва хазинаи ӯро бидузданд. Ҳамагӣ ба роҳ даромаданд ва то назди девори қасри султон расиданд. Саге ав-ав кард. Он ки забони ҳайвонотро мефаҳмид, гуфт:
– Ин саг мегӯяд, ки шоҳ дар миёни мост.
Он ки бӯй мекард, гуфт:
– Бӯйи хазинаи султонро дар наздикии ин девор мефаҳмам.
Он дигаре, ки камандандоз буд, ҳамаро ба хазинаи шоҳ расонид. Сипас нақбзан деворро шикофт ва ҳама вориди хазина шуда, ҳама зару гавҳари бударо бардошта ба қароргоҳи худ рафтанд. Султон Маҳмуд ҳам аз қафои онҳо рафт, ки манзили онҳоро бидонад. Баъд фурсати муносиб ёфта, ба қасри подшоҳӣ баргашт ва фавран гурӯҳи посдоронро фиристод, то дуздон ва молҳои дуздидаи онҳоро ба назди ӯ биёваранд. Сарбозон ҳамаашонро дастбаста пеши Султон Маҳмуд оварданд.

Дастбаста сӯйи девон омаданд,
В-аз наҳеби ҷони худ ларзон шуданд.

Чун дуздон ба ҳузури шоҳ омаданд, он ки чашмаш ҳар киро шаби торик медид, рӯз ба хубӣ мешинохт, султонро дар тахт дид ва донист, ки шарики шабрави дишаба ӯст ва ба ҳамин сабаб гирифтор шудаанд.

Шоҳро бар тахт диду гуфт: «Ин
Буд бо мо дӯш шабгарду қарин.
Он ки чандин хосият дар риши ӯст,
Ин гирифти мо ҳам аз тафтиши ӯст».

Пеши худ гуфт:
– Худоё, он ки овози ҳайвонотро мефаҳмид, аз овози саг шоҳро шинохт. Ман, ки чашмам чунин мебинад, ӯро дар маснади шоҳӣ дида будам. Мо дуздонро ҳунарҳоямон бо ҳам гирд оварда буд ва қудрату тавоноие доштем. Аммо ин ҳунарҳо чун дар роҳи нек набуданд, моро гирифтор сохтанд:

Зарра-зарра, к-андарин арзу самост,
Ҷинси худро ҳар яке чун каҳрабост.

Аммо танҳо шоҳ буд, ки аз ҷинси мо набуд ва ҳунари ӯ бартар аз ҳунарҳои мо бояд бошад, зеро бо ҷунбиши риши ӯ гунаҳкорон аз ҷазоҳо раҳоӣ меёбанд.

пешина
аз 176
навбатӣ