Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ӯ кулаҳ бахшиду ту сар пурхирад,
Ӯ қабо бахшиду ту болову қад.
Ӯ зарам доду ту дасти заршумор,
Ӯ сутурам доду ту ақли савор.
Зар аз они туст, зар ӯ н-офарид,
Нон аз они туст, нон аз туш расид.
Он сахову раҳм ҳам ту додияш,
К-аз саховат мефузудӣ шодияш.
Ман мар ӯро қиблаи худ сохтам,
Қибласози аслро андохтам.

Одамӣ мазҳару инъикоси сифоти Худост ва он муҳтасиб ҳам ойиндори бахшишу дастгирии Худованд буд.

Ҳар чӣ дар вай менамояд, акси ӯст,
Ҳамчу акси моҳ андар оби ҷӯст.

Бо вуҷуди ин, он марди ғариб бар марги муҳтасиб зор-зор мегирист, то дараҷае, ки дар шаҳр шуҳрат пайдо кард ва як мададгоре пайдо шуд, ки дӯсти муҳтасиб буд ва дилаш ба ҳоли он дарвеш сӯхт. Ба фикри чораи халосии дарвеш аз қарзаш афтод ва қарор дод, ки бо кӯмаки мардум ин корро анҷом диҳад. Бо ин мақсад дар шаҳр мегашт ва қиссаи қарздории дарвешро ҳикоят мекард ва аз ҳама ёрӣ мепурсид. Аммо аз сад динор бештар ҷамъ карда натавонист, ки ин миқдор дарди дарвешро даво намекард. Қарор дод, ки ӯро дилдорӣ намояд. Ба ӯ мегуфт:
– Огоҳ бош, ҳар чӣ ҳаст аз Худованд мерасад, аммо бо сабабу василаи лутфи Парвардигор ин корҳо сурат мегиранд. Дар нисбати ту муҳтасиб васила будааст ва бояд, ки ҳаққи ӯро ба ҷо биёрӣ, чаро ки шукри меҳрубониҳою дастгириҳои халқ – шукри Холиқ аст. Худо эҳсон мекунад ва ин некӯӣ ба воситаи дигарон ба одамӣ мерасад.
Бо ин суханон дарвешро бар сари гӯри муҳтасиб бурд ва ӯро насиҳат кард, ки дар ёд дошта бошад: шукри халқ – шукри Парвардигор аст.
Рӯзи қиёмат Худованд аз банда мепурсад, ки барои ман чӣ кор кардӣ?
Банда мегӯяд:
– Шукру сипоси туро ба ҷо овардам.
Худованд мегӯяд:
– Чун аз касе, ки ба ту меҳрубонӣ кардааст, сипосгузорӣ накардаӣ, шукри маро ба ҷо наёвардаӣ!

Гӯядаш Ҳақ: «Ту накардӣ шукри ман,
Чун накардӣ шукри он икрому фан.
Бар кариме кардаӣ зулму ситам,
На зи дасти ӯ расидат неъматам?»

Дарвеш ба гӯри муҳтасиб расид ва шурӯъ ба гиряю зорӣ оғоз кард ва гуфт:
– Ту умеди дармондагон будӣ ва то ҷое, ки метавонистӣ, онҳоро дастгирӣ менамудӣ. Ман ҳам сипосгузори муҳаббату саховати ту ҳастам.

пешина
аз 176
навбатӣ