Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳону ҳон! Ин розро бо кас магӯ,
Гарчи аз ту шаҳ кунад бас ҷустуҷӯ.
Гуфт Пайғамбар, ки ҳар кӣ сир ниҳуфт,
Зуд гардад бо муроди хеш ҷуфт.
Дона чун андар замин пинҳон шавад,
Сирри ӯ сарсабзии бустон шавад.
Зарру нуқра гар набудандӣ ниҳон,
Парвариш кай ёфтандӣ зери кон?

Табиб бо бемор ҳампаймон шуд, ки рози ӯро ба кас нагӯяд, то худ илоҷаш кунад, вале:

Баъд аз он бархост, азми шоҳ кард,
Шоҳро з-он шаммае огоҳ кард.

Ба подшоҳ ҳамаи саргузашти ӯро гуфт ва супориш кард, ки он марди самарқандиро бо тадбиру бо пешкаши зарру сим ба назди худ биёварад, зеро дар вазъи ҳозири канизак ҷуз ба дидори ӯ дармон нахоҳад ёфт ва бими он аст, ки талаф шавад. Бинобар ин, ба дидори маъшуқ беҳбуд хоҳад ёфт. Он гоҳ бояд чорае андешид, то маъшуқ бемор шавад ва ҷамоли ӯ, ки сабаби дилбохтагии канизак шудааст, осеб бибинад. Дар он ҳол дур нест, ки ишқи канизак ба ӯ поён ёбад ва подшоҳ ба муроди дил бирасад.
Шоҳ ночор бад-ин кор ризоят дод ва пайке ба Самарқанд фиристод, то он марди заргарро пайдо кунанду назди шоҳ биёваранд. Ҳангоме ки ба дарбори шоҳ расид, ӯро гиромӣ доштанд. Шоҳ ба гуфтаи табиб канизакро раҳо кард, то битвонад бо ошиқи худ ҳамсар шавад:

Шаҳ бад-ӯ бахшид он маҳрӯйро,
Ҷуфт кард он ҳар ду суҳбатҷӯйро.
Муддати шаш моҳ меронданд ком,
То ба сиҳҳат омад он духтар тамом.

Пас аз он шарбате сохт ва ба марди заргар дод. Чун нӯшид, танаш бигудохт ва ҳолаш зор шуд. Андаке нагузашт, ки шодобӣ ва хубрӯйиро аз даст дод.

Чун зи ранҷурӣ ҷамоли ӯ намонд,
Ҷони духтар дар вуболи ӯ намонд.
Чунки зишту нохушу рухзард шуд,
Андак-андак дар дили ӯ сард шуд.
Ишқҳое, к-аз пайи ранге бувад,
Ишқ набвад, оқибат нанге бувад.
Хун давид аз чашми ҳамчун ҷӯйи ӯ,
Душмани ҷони вай омад рӯйи ӯ.
Душмани товус омад парри ӯ,

Ҳар чӣ нохушии марди заргар шиддат меёфт, ишқи канизак ба ӯ коста мешуд.
Ҷавон, ки ин нуктаро дарёфт, донист, ки ишқи духтар ба ӯ пойдорӣ надошта ва дар доми рангу рӯ афтодааст. Ба ёдаш омад, ки худаш ҳам канизро то ҷавон ва шодоб буд, дӯст дошт ва агар тамаъи молу давлати шоҳ набуд, дигар дар ранҷурӣ ва дардмандӣ бо ӯ ҳамсар намешуд:

пешина
аз 176
навбатӣ