Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Гарчи девор афганад сояй дароз,
Бозгардад сӯйи ӯ он соя боз.
Ин ҷаҳон кӯҳ асту феъли мо нидо,
Сӯйи мо ояд нидоҳоро садо».
Ин бигуфту рафт дар дам зери хок,
Он канизак шуд зи ишқу ранҷ пок.
З-он ки ишқи мурдагон поянда нест,
З-он ки мурда сӯйи мо оянда нест.
Ишқи зинда дар равону дар басар
Ҳар даме бошад зи ғунча тозатар.
Ишқи он зинда гузин, к-ӯ боқӣ аст,
В-аз шароби ҷонфизоят соқӣ аст.
Ишқи он бигзин, ки ҷумлай анбиё
Ёфтанд аз ишқи ӯ кору киё.
Ту магӯ: «Моро бад-он шаҳ бор нест»,
Бо каримон корҳо душвор нест.
Дар поёни достон Мавлавӣ ишора мекунад, ки табиб он марди заргарро барои хотири шоҳ накушт ва ба ӯ заҳр надод, чунон ки шоҳ мехост, балки ин ҳикоя намоёнгари ин аст, ки муҳаббате, ки барои зоҳиру сурат аст, аз даст рафтанист, ҳамин ки ҷавонию шодобӣ рафт, дандон рехт, мӯйи сар сафед шуд ва рангу рухсора зард, муҳаббати маъшуқа ҳам поён меёбад. Ишқи ҳақиқӣ он аст, ки бо зардӣ ва сухану чеҳра каму беш нашавад, ранҷурию нотавонӣ ба он зиён нарасонад.
ДОСТОНИ МАРДИ БАҚҚОЛ ВА ТӮТӢ
Буд баққолеву вайро тӯтие,
Хушнавое, сабз, гӯё тӯтие.
Бар дукон будӣ нигаҳбони дукон,
Нукта гуфтӣ бо ҳама савдогарон.
Дар хитоби одамӣ нотиқ будӣ,
Дар навои тӯтиён ҳозиқ будӣ.
Баққоле дар дуконаш як тӯтӣ дошт, сухангӯ ва нуктадон. Рӯзе баққол дар сари кораш набуд. Тӯтӣ аз сӯе ба сӯе парвоз мекард. Парҳойи ӯ ба шишаҳои равғани гул хӯрд. Шишаҳо ба рӯйи замин афтода шикастанду равғанҳо рехтанд. Баққол бозгашт ва чун он ҳол бидид, барошуфт ва мушти сахте бар сари тӯтӣ кӯфт, ба тавре ки мӯйҳои сараш рехтанд ва кал шуд. Аз дарди он зарба муддате забонаш банд омад ва аз сухан гуфтан бозмонд. Баққол, ки ба ширинсухании ӯ хӯ гирифта буд, нигарони сухан кардани ӯ шуд ва аз карда пушаймон гардид. Худашро сарзаниш кард. Се рӯзу се шаб гузашт ва тӯтӣ як калом нагуфт. Саҳарӣ баққол дар дукон буд. Марди бофандае бо сари бараҳна ва бемӯ аз назди дукони ӯ мегузашт. Истод ва нигоҳе ба тӯтӣ андохт. Чашми тӯтӣ, ки ба ӯ афтод, ногаҳон ба сухан омад:
Омад андар гуфт тӯтӣ он замон,
Бонг бар дарвеш зад чун оқилон.
К-аз чӣ, эй кал бо калон омехтӣ?
Ту магар аз шиша равған рехтӣ?
Аз қиёсаш ханда омад халқро,
К-ӯ чу худ пиндошт соҳибдалқро.
Кори поконро қиёс аз худ магир,
Гарчи монад дар набиштан шеру шир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор