Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Шер дар ғавғо буд, ки харгӯш аз дур пайдо шуд. Бонг зад, ки рӯзҳои пеш ман говонро дидаам, ҳеҷ кадом мисли ту густох набуданд.
Харгӯш бо зорӣ гуфт:
– Дер омадани ман бесабаб нест. Агар иҷозат диҳӣ, онро бигӯям.
Шер гуфт:

Мурғи бевақтӣ, сарат бояд бурид,
Узри аҳмақро намешояд шунид.
Узри аҳмақ бадтар аз ҷурмаш бувад,
Узри нодон заҳри ҳар дониш бувад.
Узрат, эй харгӯши аз дониш тиҳӣ,
Ман на харгӯшам, ки дар гӯшам ниҳӣ».

Харгӯш гуфт:
– Ману харгӯши дигар субҳ зуд ба роҳ афтодем, ки назди ту биёем. Дар роҳ шери дигаре роҳро бар мо баст. Ҳар чӣ гуфтем, ки ту дар интизорӣ, напазируфту туро дашном дод ва гуфт:
– Агар бар ту даст ёбад, аз ҳам медарад ва билохир бо исрору хоҳиши мо пазируфт, ки дӯсти маро гаравгон бигирад, то ман биёям ва хабарат бидиҳам.
Шер чун суханҳои харгӯшро шунид, гуфт:
– Ғам махӯр, ки туро ва дӯстатро раҳо хоҳам кард. Он шерро, ки ба ман хиёнат кардааст, ба сазои худ хоҳам расонд. Биё, бо ҳам биравем ва ҷойгоҳи ӯро ба ман нишон бидеҳ. Ҳарду ба роҳ афтоданд. Ҳангоме ки муқаддар аст ҳодисае пеш ояд, донишу биниши касе монеи он нахоҳад шуд ва тавоноию доноӣ пеши ҳодисаро намегирад.
Чун Сулаймон лашкаркашӣ кард, ҳамаи ҳайвоноти даранда ва ғайри дарандаи саҳроӣ ба кӯмаки ӯ шитофтанд. Аз ҷумла ҳудҳуд хидмати худро пешкаш кард. Сулаймон пурсид:
– Аз дасти ту чӣ коре меояд?
Ҳудҳуд гуфт:
– Ман тезбинам ва аз ҳаво зери заминро мебинам, ҳар куҷо об бошад, хабар медиҳам. Аз ин ҷиҳат вуҷуди ман барои лашкар лозим аст.
Зоғ, ки парандаи ҳасуд аст, ҳозир буд, хандид ва гуфт:
– Ту агар рост мегӯйӣ, чаро доми шикорчиро намебинӣ?
Ҳудҳуд гуфт, ки Худованд дар табиати ман тезбинӣ ниҳодааст, аммо он ҷо ки қазо меояд, ҳар чашме кӯр мешаваду ҳар донише бефоида:

Ман бибинам домро андар ҳаво,
Гар напӯшад чашми ақламро қазо.

Харгӯш бо шер ба роҳ афтод ва ӯро ба сари чоҳе, ки пештар медонист, бурд. Чун ба наздики чоҳ расиданд, худро тарсону ларзон нишон доду қафо кашид. Шер бо хашм пурсид, ки «чаро ақиб мондаӣ?» Харгӯш бо тарсу ларз ҷавоб дод:

Ранги рӯямро намебинӣ чу зар?
З-андарун худ медиҳад рангам хабар.
Ранги рӯ аз ҳоли дил дорад нишон,
Раҳматам кун, меҳри ман дар дил нишон.

пешина
аз 176
навбатӣ