Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Гуфт:
– Ба бод фармон деҳ, маро аз ин шаҳр ба Ҳиндустон бибарад. Магар аз дасти Азроил раҳоӣ ёбам.
Сулаймон (а) хоҳиши вайро баровард ва бод ӯро ба Ҳиндустон бурд. Рӯзи дигар ҳангоми боздид Сулаймон (а) аз Азроил (а) пурсид:
– Чаро фалонро тарсондӣ?
Азроил (а) гузориш дод, ки ман дирӯз аз сӯйи Худованд вазифадор шудам ҷони ӯро имрӯз дар Ҳиндустон бигирам. Чун ӯро дар ин ҷо дидам, дар шигифт шудам, ки агар сад пар ҳам дошт, наметавонист ба Ҳиндустон биравад. Ва имрӯз онро дар он диёр дидам ва ҷонашро гирифтам.
Шер гуфт:
– Ин ҳикоят дуруст аст, вале магар ҷаҳди паёмбаронро нашунидаед, ки бо чӣ кӯшише мардумро ба ҷониби Худованд даъват мекарданд?
Оқибат ҳайвоноти ваҳшӣ бо шер аҳду паймон бастанд, ки ҳар рӯз хӯроки ӯро омода кунанд ва агар аҳд шикастанд, шер ҳамаро ҷазо кунад. Онҳо ба қарори худ побанд шуданду ҳар рӯз қуръакашӣ мекарданд ва номи ҳар кӣ мебаромад, ӯро барои хӯрдан пеши шер мефиристонданд. Шер ҳам ба дигарон озоре намерасонид. То рӯзе қуръа ба номи харгӯши зираке афтод ва ӯ гуфт:
– Ба ман муҳлат бидиҳед, ки фикре дорам, то ҳамаро аз бадкории шер осуда кунам.
Ҳайвоноти ваҳшӣ гуфтанд:
– Аз ту тавонотару донотар ҳам натавонистанд, ки коре бикунанд. Ту бо ин ҷуссаи лоғару хурд чӣ тавонӣ кард?
Ҳайвоноти беша аз харгӯш пурсиданд, ки нақшаи ӯ чист, чӣ гуна мехоҳад шерро бифиребад? Беҳтар аст фикри худро бо ҳама дар миён бигузорад ва машварат кунад:
Эй ки бо шере ту дарпечидаӣ,
Бозгӯ ройе, ки андешидаӣ.
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,
Ақлҳо мар ақлро ёрӣ диҳад.
Харгӯш гуфт:
Гуфт: «Ҳар розе нашояд бозгуфт,
Ҷуфт тоқ ояд гаҳе, гаҳ тоқ ҷуфт.
Аз сафо гар дам занӣ бо ойина,
Тира гардад зуд бо мо ойина».
Аз замонҳои қадим гуфтаанд, ки қарз ва рафтуомаду сарвати худатро аз дигарон пинҳон кун, то бароят фитна накунанд ва бар ту рашк набаранд.
Бо ин тартиб, харгӯш дар рафтан пеши шер дер карду шер ҳам аз нарасидани ғизо нигарон шуд ва меғуррид, ки нокасон посу қавлу қарор надоранд ва ман беҷиҳат ба онҳо эътимод кардам:
Шер мегуфт аз сари тезиву хашм,
К-аз раҳи гӯшам адӯ барбаст чашм.
З-ин сипас ман нашнавам он дамдама,
Бонги девон асту ғулон он ҳама.
Бардарон, эй дил, ту эшонро, маист,
Пӯстшон баркан, к-ишон ҷуз пӯст нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор