Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Зери хурмобун зи халқон ӯ ҷудо,
Зери соя хуфта бин, сояй Худо.

Фиристода Умари Форуқро зери хурмо дид, ки дар хоб аст. Аз содагию беолоишии вай ҳайрон шуд. Ба худ гуфт:
– Ман подшоҳони бисёр дидаам ва дидори ҳеҷ кадом дар ман тарсу шигифте падид наёвардааст.

Мард гуфташ, к-эй амирулмуъминин!
Ҷон зи боло чун даромад дар замин?
Мурғи беандоза чун шуд дар қафас?
Гуфт: «Ҳақ бар ҷон фусун хонду қисас».

Халифа гуфт:
– Худованд афсуне ба ҷон хонд. Ӯ ба ҷунбиш даромад, ба ҷисм рамзе гуфт, табдил ба ҷон шуд. Ба хуршед чизе фармуд, рахшанда шуд. Ба гӯши гул сухане гуфт, хандон шуд. Маълум нест Худованд ба гӯши хок чӣ фармудааст, ки чунин хомӯш мондааст. Агар забон асрори пинҳонро ошкор кунад, оташе равшан хоҳад кард, ки ҷаҳонро бисӯзонад. Кори мо ва кори Худовандро бадиққат бингар. Кори мо ҳасту пайдоиши он аз Худованд аст. Ҳар кас масъули коре нест. Набояд гуфт: «Чаро кардӣ?» Вале кор аз осори хилқати Худованд аст, ки дар ихтиёри мост. Мехоҳем ва мекунем ва гуноҳу савоби онро ҳам мебарем. Мисоле мегӯем, то ҷабру ихтиёр равшан шавад. Дасте аз бемории раъша меларзад ва гоҳе дастро ба ихтиёри худ меларзонӣ. Ин ҳар ду офаридаи Худо ҳастанд, вале яке нестанд. Агар ларзиши даст аз беморӣ бошад, соҳиби даст шарманда нест, вале агар ба ихтиёр дастро биларзонӣ, пушаймон мешавӣ.
Боз фиристодаи Қайсар пурсид, чаро ҷон асири бадан шудааст ва фоидаи он чист? Халифа Умари Форуқ гуфт:

Гуфт: «Ту баҳсе шигарфе мекунӣ,
Маъниеро банди ҳарфе мекунӣ.
Ҳабс кардӣ маънии озодро,
Банди ҳарфе кардаӣ ту ёдро.

Албатта, ту ин пурсишро барои фоида мекунӣ. Аммо он ки фоидаро ба вуҷуд овардааст, чӣ гуна мумкин аст кореро бе далелу ҳикмат анҷом дода бошад.
Фиристодаи Қайсари Рум ба ин дидор рисолати худро фаромӯш карда ва чашмонаш ба ҳақиқат боз шуд.

Он расул аз худ бишуд з-ин як-ду ҷом,
Не рисолат ёд мондаш, не паём.
Вола андар қудрати Аллоҳ шуд,
Он расул ин ҷо расиду шоҳ шуд.
Сел чун омад ба дарё, баҳр гашт,
Дона чун омад ба мазраъ, гашт кашт.
Чун тааллуқ ёфт нон бо булбашар,
Нони мурда зинда гашту бохабар.
Муму ҳезум чун фидои нор шуд,
Зоти зулмонии ӯ анвор шуд.
Санги сурма, чунки шуд дар дидагон,
Гашт биноӣ, шуд он ҷо дидбон.
Эй хунук он мард, к-аз худ раста шуд,
Дар вуҷуди зиндае пайваста шуд.

пешина
аз 176
навбатӣ