Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ ПИРИ ЧАНГӢ ВА УМАРИ ФОРУҚ

Он шунидастӣ, ки дар аҳди Умар
Буд чангӣ – мутрибе бо карру фар?
Булбул аз овози ӯ бех(в)ад шудӣ,
Як тараб з-овози хубаш сад шудӣ.
Маҷлису маҷмаъ дамаш оростӣ
В-аз навои ӯ қиёмат хостӣ.
Ҳамчу Исрофил, к-овозаш ба фан,
Мурдагонро ҷон дарорад дар бадан.

Дар замони халифа Умар ибни Хаттоб марди мутрибе буд, ки чанг мезаду бо овози хуши худ мардумонро сархуш месохт. Бо подоше, ки мегирифт, рӯзгор мегузаронд. То ин ки солҳо бигузаштанд ва ҷавонӣ бигузашт ва по дар остонаи пирӣ гузошт, на барои чанг задан ҳоле монд ва на барои овоз хондан нерӯ.

Аз навояш мурғи дил паррон шудӣ
В-аз садояш ҳуши ҷон ҳайрон шудӣ.
Чун баромад рӯзгору пир шуд,
Боз ҷон-ш аз аҷз пашшагир шуд.
Пушти ӯ хам гашт ҳамчун пушти хум,
Абрувон бар чашм ҳамчун полдум.
Гашт овози латифи ҷонфизош
Зишту назди кас наярзидӣ ба лош.
Он навои рашки Зуҳра омада,
Ҳамчу овози хари пире шуда.

Рӯзе аз гуруснагӣ ба ҷон омад, на касе ба доди ӯ расид ва ноне ба даст овард. Навмеду саргардон рӯй ба биёбон гузошт ва он гоҳ ба гӯристон гузашт ва чанги худро дар бағал гирифту нолае кард, сар ба осмон баровард. Чангзанон ба Худованд розу ниёз кард, ки ҳафтод сол гуноҳ кардаму Ту маро гурусна нагузоштӣ. Он ҳангом барои дилхушии мардумон чанг мезадам. Имрӯз, ки ҳоҷатманд мондаам, ба Ту рӯй овардам ва барои Ту менавозам:

Нест касб, имрӯз меҳмони туам,
Чанг баҳри ту занам, к-они туам.
Чангро бардошт, шуд аллоҳҷӯ,
Сӯйи гӯристони Ясриб оҳгӯ.
Гуфт: «Хоҳам аз Ҳақ абрешим баҳо,
К-ӯ ба некӯӣ пазирад қалбҳо».
Чунки зад бисёру гирён сар ниҳод,
Чанг болин карду бар гӯре фитод.

Пир гирён рӯйи гӯре афтод ва хобаш бурд. Дар ҳамон замон Умар ҳам эҳсоси хастагии шадид карду ба ин ки одат надошт, дар он соат бихобид. Сар ба болин ниҳоду дар хоб дид:

Бонг омад мар Умарро, к-эй Умар,
Бандаи моро зи ҳоҷат бозхар!
Бандае дорем хосу муҳтарам,
Сӯйи гӯристон ту ранҷа кун қадам.
Эй Умар, барҷаҳ, зи байтулмоли ом,
Ҳафтсад динор дар каф неҳ тамом.
Пеши ӯ бар, к-эй ту моро ихтиёр,
Ин қадар бистон, кунун маъзур дор.
Ин қадар аз баҳри абрешим баҳо,
Харҷ кун, чун харҷ шуд, ин ҷо биё!

пешина
аз 176
навбатӣ