Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ ЛУҚМОНИ ҲАКИМ ВА ҒУЛОМОН

Луқмони ҳаким марди сиёҳчардае буд ва асири дуздон гардид ва ӯро ба ғуломӣ ба марди пулдоре фурӯхта буданд. Харидор ҳам ӯро нашинохта ва дар сафи ғуломону коргарони худ нигоҳ дошта буд. Дар фасли расидани мева марди пулдор фармон дод, ки ҳама ғуломон барои мевачинӣ ба боғи ӯ бираванд. Ғуломони дигар бештари меваҳоро хӯрданду назди соҳиби боғ Луқмонро гунаҳкор шумурданд. Соҳиби боғ хост Луқмонро танбеҳ кунад. Луқмон, ки донишманди бузурге буд, гуфт:
– Ман ин корро накардаам, вале барои ин ки гунаҳкорро бишиносӣ, маҳлули шӯру талх ба ману дигарон бинӯшон ва ба ҳама фармон бидеҳ, ки бо шитоб бидаванд.
Он мард супориши Луқмонро пазируфту чунон кард. Ғуломон, ҳамин ки масофате давиданд, ба дамгирӣ афтоданд. Меъдаҳо дар шӯридан омаду ҳарчи мева хӯрда буданд, берун рехт. Танҳо Луқмон, ки меваро нахӯрда буд, оби соф қай кард. Соҳиби боғ гунаҳкоронро шинохту онҳоро ҷазо дод ва Луқмонро навозиш кард.
Вақте ҳикмати Луқмон ин бошад, ки ба ин содагию осонӣ гунаҳкорро аз бегуноҳ бозмешиносад, барои Худованд бандагони гунаҳкорро бо чунин озмоишҳое расво кардан кори мушкил нест.

ДОСТОНИ СӮХТОР ДАР ШАҲР ДАР ЗАМОНИ УМАРИ ФОРУҚ

Дар замони хилофати Умар ибни Хаттоб дар шаҳре сӯхтор шуд. Ниме аз хонаҳою бозорҳо сӯхт. Мардум бо талошу кӯшиши фаровон ба хомӯш кардани оташ даст заданд, вале комёб нашуданд. Ночор гурӯҳе назди халифа шитофтанд, ки оташ хомӯш намешавад ва кӯшиши мардум беасар аст.

Гуфт: «Он оташ зи оёти Худост,
Шуълае аз оташи бухли шумост.
Обу сирка чист? Нон қисмат кунед,
Бухл бигзоред, агар оли манед.

Халифа Умари Форуқ мардумро огоҳӣ дод, ки он моли талафшуда қисмате аст, ки бояд ба нодорону гирифторон ва бенавоён расида бошад. Ва чун бухлу бахилии молдорону дорандагон ва тамаъу ози онон монеи бахшишу кӯмак ба ниёзмандон шуда, Худованд бар онҳо хашм гирифтааст. Ҳар кӣ дорад, бояд ба онҳое, ки надоранд, кӯмаку ёрӣ расонад.

ДОСТОНИ АЛӢ ВА ҲАМНАБАРДАШ

Аз Алӣ омӯз ихлоси амал,
Шери Ҳақро дон мутаҳҳар аз дағал.

Дар ҷанге Алӣ ибни Абӯтолиб душмани худро ба замин заду шамшер кашид, ки бикушадаш. Паҳлавон ба рӯйи он бузургвор оби даҳон андохт. Алӣ аз куштани ӯ сарфи назар карду шамшерашро дар ғилоф андохт. Паҳлавони шикастхӯрда аз ин кор ҳайрон шуд.

пешина
аз 176
навбатӣ