Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Гуфт: «Бар ман теғи тез афроштӣ,
Аз чӣ афкандӣ? Маро бигзоштӣ?»
Гуфт: «Ман теғ аз пайи Ҳақ мезанам,
Бандаи ҳаққам, на маъмури танам.
Шери Ҳаққам, нестам шери ҳаво,
Феъли ман бар дини ман бошад гуво».
Алӣ фармуд:
– Ман ҷанг дар роҳи Худо мекунам ва туро ҳам бо фармони Ӯ мехостам бикушам. Аммо чун оби даҳон андохтӣ, агар даст ба хуни ту меолудам, ин кор ба хотири хашму кин мебуд ва аз роҳи Худо гум мешудам.
Он гоҳ Алӣ достонеро баён кард, яъне ҳазрати Расули акрам (с) хабар дода буд, ки фалон кас рӯзе туро хоҳад кушт. Ва он мард, ки зоҳиран мусалмон буд, ба дасту пойи Алӣ афтод, ки ӯро пеш аз ин ки чунин гуноҳе бикунад, бикушад. Ҳазрати Алӣ бо ин ки яқин дошт, пешбинии Паёмбари Худо (с) рост хоҳад омад, нахост душмани худро бикушад ва нахост, ки хуни касеро ба хотири худ бирезад. Паҳлавон, ки ин достонро шунид:
Гуфт: «Ман тухми ҷафо мекоштам,
Ман туро навъе дигар пиндоштам.
Сипас гуфт:
– Ҳоло донистам, ту пойбанди ҳавои нафс нестӣ ва танҳо дар роҳи Худою фармони Ӯ шамшер мезанӣ. Он қадар бар худ ҳокимият дорӣ, ки дар авҷи пирӯзӣ бар душмани ҷон ӯро мебахшӣ. Ман низ ислом меоварам ва бо ҳамроҳи панҷоҳ нафар аз хонаводаи дӯстонаш имон оварданду мусалмон шуданд:
Теғи ҳилм аз теғи оҳан тезтар,
Бал зи сад лашкар зафарангезтар.
Сахт хоколуд меояд сухун,
Об тира шуд, сари чаҳ банд кун.
То Худояш боз софу х(в)аш кунад,
Ӯ, ки тира кард, ҳам софаш кунад.
Сабр орад орзуро, не шитоб,
Сабр кун, «валлоҳу аълам би-с-савоб».
ДОСТОНИ УМАР ВА ОДАМИ ХАЁЛПАРДОЗ
Моҳи Рамазон то ба поён нарасад ва рӯзадорон ҳилоли моҳро дар осмон набинанд, бояд рӯзадор бимонанд, магар ин ки сӣ рӯзи тамом рӯза гирифта бошанд. Дар аҳди хилофати Умари Форуқ мардум ба бомҳо рафтанд, то магар ба дидани ҳилоли моҳ поёни моҳи рӯзаро ҷашн бигиранд. Аз миёни гурӯҳ яке ба халифа фарёд зад, ки моҳро дидааст. Умар бодиққат ба осмон нигаристу моҳро надид. Дигарон ҳам онро бо чашм надиданд.
Чун Умар бар осмон маҳро надид,
Гуфт, к-ин маҳ аз хаёли ту дамид.
Варна ман бинотарам афлокро,
Чун намебинам ҳилоли покро?
Сипас ба он шахс фармуд, ки дасти худро тар кунаду бар абру бикашад ва дубора ба осмон нигоҳ кунад. Он мард чунин кард, ҳарчанд нигарист, дигар ҳилолро надид. Донист, ки мӯйҳои абруяш ба чашмаш чун ҳилол омадаанду ҳамон тавре ки халифа гуфта буд, моҳи нав дида нашудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор