Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ногуфта намонад, ки номи рӯд ва мавзеи кунунии Ёхсу низ аз вожаи «вахш» бармеояд. «Охшо» ё «Вахш» оҳиста-оҳиста ба тарзи «Охсу» ё худ «Ёхсу» табдил ёфтааст ва ба ибораи туркии «Оқсу» («Оби сафед») робитае надорад, зеро дар саргаҳи рӯди Ёхсу деҳае ҳаст бо номи «Яхшо», ки бори дигар ба решаи «Вахш» доштани ин номи ҷуғрофӣ далолат мекунад. Ноҳияи Файзободи имрӯзаи Тоҷикистон дар замонҳои қадим «Вашгирд» ном дошт. Ба андешаи инҷониб, ҷузъи «Ваш» шакли кӯтоҳгардидаи калимаи «Вахш» аст ва «гирд» ба маънои шаҳр аст (калимаи «град»-и русӣ низ бо вожаи «гирд»-и форсӣ ҳамреша аст ва дар замонҳои қадим дар Эронзамин бо чунин ҷузъи номӣ шаҳрҳо хеле зиёд буданд, ба мисли Сиёвушгирд ва ғайра), яъне, бо итминони комил гуфта метавонем, ки Вашгирди бостонӣ ҳамон Вахшгирд – шаҳри Вахш аст, ки дар лаби рӯди ҳамноми худ бунёд ёфта буд.
Дар сарчашмаҳои баъдиисломӣ ном ва мулки Вахш борҳо зикр гардидааст. Аз ҷумла дар қадимтарин сарчашмаи ҷуғрофӣ ба забони форсии дарӣ – «Ҳудуд-ул-олам» (қарни даҳи милодӣ) дар чанд маврид дар бораи рӯд, кӯҳ ва мулки Вахш маълумоти пурарзиш дода шудааст: «Ва дигар рӯдест, ки ӯро Вахшоб хонанд, аз кӯҳи Вахш биравад ба наздикии Вахш, ба Ҷайҳун афтад». Дар боби «Сухан андар ноҳияти ҳудуди Мовароуннаҳр ва шаҳрҳои вай» роҷеъ ба шаҳрҳо, сокинони диловар ва тирандозу ҷангии онҳо чунин гуфта шудааст: «Ҳаловард* қасабаи Вахш аст, шаҳрест бокишту барз ва рустоҳои бисёр ва мардуми тирандозу ҷангӣ. Леваканд аз Вахш аст, ҷоест, ки аз вай гӯспанди вахшӣ хезад».

  • Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна, китоби якум, Душанбе: Ирфон, саҳ.124.
    Ба гуфти олими бостоншинос, доктори улуми таърих В.С. Соловёв шаҳри Леваканд ё худ Левканд дар ҷойи имрӯзаи маркази вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа воқеъ гардида буд, ки аз он танҳо ёдгории таърихии Теппаи Қӯрғон боқӣ мондаасту бас, вале академик В.В.Бартолд ақидаи дигар дорад, ки шаҳри Левканд ё Леваканд дар наздикии деҳаи Сангтӯдаи лаби рӯди Вахш ҷойгир буд. Шояд шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамон шаҳри қадимаи Вахш аст ва мебояд, ки дар оянда номи аслии он барқарор карда шавад, вале ин қазияи илмӣ то ба ҳол ба таври ниҳоӣ ҳал нашудааст, бинобар ин, дар тағйир додани номи шаҳри Қӯрғонтеппа набояд шитоб кард. Бояд гуфт, ки номи шаҳри Қӯрғонтеппа ҳам беш аз сесад сол таърих дорад ва асли он ҳам ориёист, на туркӣ. Калимаи «қӯрғон» ҳамон вожаи «кургон» аст, ки аз забонҳои қадими эронӣ ба забонҳои туркӣ гузаштааст ва дар забони русӣ дар шакли «курган» роиҷ аст. Дар Эрон шаҳрест бо номи Гургон, ки решааш ҳамон калимаи «кургон» аст, ки маънои диж ва қалъаро ифода мекунад. Калимаи «теппа» низ сирф калимаи тоҷикист.
пешина
аз 176
навбатӣ