Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Гуфт: «Ноаҳлон накардандат ба соз,
Пар фузуд аз ҳадду нохун шуд дароз.
Дасти ҳар ноаҳл беморат кунад,
Сӯйи модар о, ки тиморат кунад».
Меҳри ҷоҳилро чунин дон, эй рафиқ,
Каж равад ҷоҳил ҳамеша дар тариқ.

Шоҳ ба дунболи бози худ ҳамаро ҷустуҷӯ кард ва ба хонаи пиразан расид. Бозро бадбахту парканда, нохунчидаву зору нолон миёни гарду хок дид.

Гуфт: «Ҳарчанд ин сазои кори туст,
Ки набошӣ дар вафои мо дуруст».

Боз ба забони безабонӣ, аз ин ки аз кохи шоҳ фирор карда ва бевафоӣ нишон додааст, узр мехост ва ба забони ҳол мегуфт:
– Ҳарчанд ман гунаҳгорам, аммо ба сазои худ расидаам. Нохуни шикору пари парвозро ҳам аз даст додам. Пушаймонам, меҳрубонии ту маро дубора соҳиби нохуну пар хоҳад кард:

Гарчи нохун рафт, чун бошӣ маро,
Барканам ман парчами хуршедро.
Варчи паррам рафт, чун бинвозиям,
Чарх бозӣ кам кунад дар бозиям.
Гар камар бахшим, кӯҳро барканам,
Гар диҳӣ килке, аламҳо бишканам.
Охир аз пашша на кам бошад танам,
Мулки намрудӣ ба пар барҳам занам.

Подшоҳро дил бар ӯ бисӯхту пушаймонии ӯро пазируфт ва навозишкунон ӯро ба хонаи худ бурд.

То нагиряд тифл, кай нӯшад лабан?
То нагиряд абр, кай хандад чаман?

ДОСТОНИ СӮФӢ, КИ МИЗБОНАШ ХАРАШРО ФУРӮХТ

Сӯфие дар хонақоҳ аз раҳ расид,
Маркаби худ бурду дар охур кашид.
Обакаш доду алаф аз дасти хеш,
На чун он сӯфӣ, ки мо гуфтем пеш.

Марде хаставу кӯфта савор бар хараш ба дари хонақоҳе расид. Хуш кард, ки шаб он ҷо бимонад, то ҳам худаш осоише ба даст овараду ҳам хастагии роҳро аз тан бадар карда, барои идомаи сафар омода шавад. Пас харро ба тавила бурду ба охур баст ва коҳу ҷаву об ба ӯ дод. Баъд назди сӯфиёни хонақоҳ рафт, ки ӯро гиромӣ пешвоз гирифтанду ба шом даъваташ намуданд. Аммо дарвешон «оҳ» дар бисот надоштанд ва барои пазироӣ аз меҳмон дасташон холӣ буд. Муддате буд, ки ғизои сергирашон наёмада буд ва барои пазироии сӯфии тозаворид дармонданд. Пас аз машварат бо якдигар тасмим гирифтанд, ки хари сӯфиро бифурӯшанд ва бо пули он шоми хубе фароҳам созанд. Ва ҳамин корро ҳам карданд.

Эй тавонгар, ки ту серӣ, ҳин маханд,
Бар кажии он фақири дардманд.
Аз сари тақсири он сӯфи рама
Харфурӯшӣ даргирифтанд он ҳама.
К-аз зарурат ҳаст мурдоре мубоҳ,
Бас фасоде, к-аз зарурат шуд салоҳ.
Ҳам дар он дам он харак бифрӯхтанд,
Лут оварданду шамъ афрӯхтанд.

пешина
аз 176
навбатӣ