Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Дар ҳангоми сахтӣ хӯрдани гӯшти мурда ҳалол мешавад ва бисёр корҳои бад дар мавқеи ночорӣ хуб шумурда мешаванд. Дарвешон ҳам бо фурӯши хару пули он зиёфати пуршукӯҳе оростанд ва аз сӯфии тозарасидаи соҳиби хар бисёр хуб пазироӣ карданд. Пас аз хӯрдану нӯшидан ба сурудхонию рақс пардохтанд. Дар миёни айшу ишрату овозхонӣ сӯфиён суруде оғоз карданд, ки нақароти он ин ҷумла буд, ки «хар бирафту хар бирафту хар бирафт».
Гоҳ дастафшон қадам мекӯфтанд,
Гаҳ ба саҷда суффаро мерӯфтанд.
Дарвеши мусофир сархушу хушҳол бо дигарон ҳамовоз шуда ва бо сурур тарона мехонду нақароти онро ба шавқ такрор мекард, то шаб ба поён расиду дарвешони хаста ба хоб рафтанд. Сӯфии мусофир ҳам ҷое хобиду бомдод, ки бедор шуд, асбоби сафари худро гирд овард ва ба тавила рафт, то харашро гираду сафарашро идома диҳад, вале маркабашро он ҷо надид. Фикр кард, ки ходим маркабро берун бурдааст, ки об бидиҳад. Муддате мунтазир шуд, то ходим пайдо гардид ва харашро пурсон шуд. Ходим бо таънаву маломат гуфт:
– Кадом хар? Магар хари дишабаро мегӯйӣ, ки дарвешон онро фурӯхтанд ва харҷи пазироии дишаб карданд?
Сӯфӣ бо хашм фарёд зад:
– Чаро ҳамон дишаб нагуфтӣ?
Ходим гуфт:
– Ту ҳангоми пойкӯбӣ ва овозхонӣ бо ҳамроҳии дигарон мехондӣ, ки «хар бирафту хар бирафту хар бирафт!» Ман фикр кардам аз ҳодиса хабар дорӣ. Фурӯши хар ба хушнудӣ ва иҷозати худат шудааст:
Ту ҳамегуфтӣ, ки хар рафт, эй писар,
Аз ҳама гӯяндагон бозавқтар.
Боз мегаштам, ки ӯ худ воқиф аст,
З-ин қазо розист, марде ориф аст.
Гуфт: «Онро ҷумла мегуфтанд х(в)аш,
Мар маро ҳам завқ омад, гуфтанаш.
Мар маро тақлидашон бар бод дод,
Ки дусад лаънат бар он тақлид бод!
Хоса тақлиди чунин беҳосилон,
К-обрӯро рехтанд аз баҳри нон.
Марди сӯфӣ донист, ки тамаъ ба зиёфати дарвешон ва айшу нӯши шабона ӯро аз огоҳии ҳақиқат боз доштааст ва ба тақлиди аз онҳо ва ширкат дар пойкӯбию овозхонӣ хушнудии худро аз фурӯши хар нишон додааст, бинобар ин, дигар пушаймонӣ суде надорад.
ДОСТОНИ МАРДИ ҒАРИБУ ДӮСТИ Ӯ
Марди ғарибе дар шаҳре ворид шуд. Гирди хонае мегашт, ки дар он ҷо маскан гирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор