Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
ДОСТОНИ ПОДШОҲ ВА ДУ ҒУЛОМ
Подшоҳе ду ғулом арзон харид,
Бо яке з-он ду сухан гуфту шунид.
Ёфташ зиракдилу ширинҷавоб,
Аз лаби шаккар чӣ зояд? Шаккароб.
Одамӣ махфист дар зери забон,
Ин забон пардаст бар даргоҳи ҷон.
Чунки боде пардаро дарҳам кашид,
Сирри саҳни хона шуд бар мо падид.
К-андар он хона гуҳар ё гандум аст?
Ганҷи зар ё ҷумла мору каждум аст?
Подшоҳе ду ғулом харид. Яке хушрӯ, ширинзабон, боҳушу зирак буд, дигаре зиштрӯ ва гандадаҳон. Аввалиро ба гармоба фиристоду дастур дод, то ҷомаи нав ба ӯ бипӯшонанд. Он гоҳ ба дувумӣ гуфт:
– Он дӯстат гуфт, ки ту каҷниҳоду номардӣ.
Ғулом гуфт:
– Ӯ одами ростгӯй аст ва айби маро беҳтар медонад.
Гуфт: «Пайваста будаст ӯ ростгӯ,
Ростгӯе ман надидастам чу ӯ.
Ростгӯйӣ дар ниҳодаш хилқатест,
Ҳар чӣ гӯяд, ман нагӯям: он тиҳист.
Каж надонам он накӯандешро,
Муттаҳам дорам вуҷуди хешро.
Бошад ӯ дар ман бибинад айбҳо,
Ман набинам дар вуҷуди худ, шаҳо!
Ҳар касе, к-ӯ айби худ дидӣ зи пеш,
Кай будӣ фориғ вай аз ислоҳи хеш?
Ғофиланд ин халқ аз худ, эй падар!
Лоҷарам гӯянд айби ҳамдигар.
Шоҳ гуфт:
– Ҳоло ту айбҳои ӯро бигӯ!
Ғулом гуфт:
– Айби ӯ меҳру вафост, айби ӯ ҷавонмардию сафост.
Гуфт: «Эй шаҳ, ман бигӯям айбҳош,
Гарчи ҳаст ӯ мар маро хуш ҳоҷатош.
Айби ӯ меҳру вафову мардумӣ,
Айби ӯ сидқу зукову ҳамдамӣ.
Камтарин айбаш ҷавонмардиву дод,
Он ҷавонмарде, ки ҷонро ҳам бидод».
«Айби дигар ин ки худбин нест ӯ,
Ҳаст ӯ дар ҳастии худ айбҷӯ.
Айбгӯю айбҷӯйи х(в)ад будаст,
Бо ҳама некӯву бо худ бад будаст».
Шоҳ гуфт:
– Барои он чи гуфтӣ, бояд савганд бихӯрӣ.
Ғулом гуфт:
– Ба бузургии Худо, ба Одаму Ҳаво ва Мӯсою Исо, аз ӯ ҷуз он чи гуфтам, чизе намедонам.
Ғуломи аввалӣ, ки аз гармоба баромад, шоҳ дувумиро ба гармоба фиристод ва ба аввалӣ гуфт:
– Ту бо ин ҷамоли зебое, ки дорӣ, ҳама аз дидорат хушнуд мешаванд. Аммо намедонам чаро дӯсти ту аз ту бад мегуфт, ки одами бевафо ва ноҷавонмард ҳастӣ.
Ғулом хашмгин шуду фарёд зад:
– Ӯ ҳамеша душмани ман аст ва чун саге дунболи ман афтодааст ва аз вай бисёр бо бадӣ ёд кард.
Шоҳ бонг зад, ки камтар ёва бигӯ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор