Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Гуфт: «Донистам туро аз вай, бидон:
Аз ту ҷон гандасту аз ёрат даҳон.
Пас нишин, эй гандаҷон, аз даври ту,
То амир ӯ бошаду маъмур ту».

Бо ин ҳарфҳо туро шинохтам. Ту ҷонат гандида аст ва аз ботин бадӣ, агарчи рӯйи зебо дорӣ ва ӯ агарчи даҳонаш бадбӯст, ҷонаш тозаасту фариштае аст бо чеҳраи одамӣ. Акнун сазои ту ин аст, ки ҳамеша фармонбару зердасти ӯ бошӣ ва ҳар чӣ бигӯяд, бикунӣ. Вай бар ту амиру фармонравост ва ту зердасти ӯстӣ.

Сурати зоҳир фано гардад, бидон,
Олами маънӣ бимонад ҷовидон.
Чанд бозӣ ишқ бо нақши сабӯ?
Бигзар аз нақши сабӯву оби ҷӯ.
Сураташ дидӣ, зи маънӣ ғофилӣ,
Аз садаф дурре гузин, гар оқилӣ.

ДОСТОНИ ПОДШОҲУ ҒУЛОМУ ДАРБОРИЁНИ ҲАСУД

Подшоҳе яке аз зердастонашро аз миёни ҳамаи фармонбардорони худ баргузид ва мақоми болотарро дар дарбори худ ба ӯ дода буду беш аз ҳама ба ӯ меҳрубон буд. Ҳеҷ кадом аз вазирон пеши шоҳ пояи ӯро надошт. Шоҳ чунон ба вай эътимод дошт, ки монанди як рӯҳ дар ду бадан буданд. Он мард ҳам дар фармонбардории ӯ кӯтоҳӣ намекарду пайваста чунон мекард, ки писанди шоҳ буд. Дарбориён бар ӯ рашк бурданд ва кӯшиданд, ки миёни шоҳу вай дилсардӣ андозанд. Онҳо намедонистанд, ки шоҳ ӯро озмоиш кардаву беҷиҳат чунин мақоми баланде ба вай насупурдааст. Ҳасудон дар ҷустуҷӯ буданд, ки ӯро ба дом андохта, гарданашро ба дасти ҷаллод бисупоранд.
Шоҳ аз корҳои онҳо огоҳ буд, вале хомӯш монда буду онҳоро тамошо карда, дар дил ришханд мекард ва ҳар рӯз мақоми ӯ меафзуд. Оқибат чун дарбориён дар кори худ комёб нашуданд, ба фикр афтоданд, ки барои худи шоҳ доме биниҳанд.
Аммо намедонистанд: «Чароғеро, ки Эзид барфурӯзад, ҳар он кас пуф кунад, ришаш бисӯзад» ва фикру ҳилаи дигарон дар кори ӯ беасар аст. Шоҳ ба онон илтифоте намекард, то ҳамчунон дар оташи ҳасад бисӯзанд.
Ҳар кас аз таҳи дил ва ба ростӣ ба Худованд рӯй оварад, агар ҳама ҷаҳон душмани ӯ шаванд, сари сӯзане озор нахоҳад дид:

Он ҳасудон бад дарахтон будаанд,
Талхгавҳар, шӯрбахтон будаанд.
Аз ҳасад ҷӯшону каф мерехтанд,
Дар ниҳонӣ макр меангехтанд.
То ғуломи хосро гардан зананд,
Бехи ӯро аз замона баркананд.

пешина
аз 176
навбатӣ