Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ ЛУҚМОНИ ҲАКИМ ВА ХОҶААШ

Луқмони ҳаким барои озмоиши донишомӯзӣ ба хидмати марде даромада буд. Хоҷаи ӯ медонист, ки ӯ донишманд аст ва барои таҷриба андӯхтан ғуломиро интихоб кардааст. Аз ин сабаб, ӯро бисёр гиромӣ медошт. Дар ҳар кор бо ӯ машварат мекард. Ӯ ҳаргиз ғизое, ки барояш меоварданд, намехӯрд, то ин ки Луқмон аз он начашаду нахӯрад.
Рӯзе барои ӯ харбуза ҳадя оварданд. Хоҷа Луқмонро хост ва як тилими харбуза ба ӯ дод. Луқмон онро бо лаззат хӯрд ва хоҷа пай дар пай тилимҳои харбузаро ба ӯ доду ҳамаро бо кушодарӯйӣ хӯрд. Дар охир як тилим монда буд. Хоҷа онро худаш хӯрд ва аз шиддати талхӣ забонаш оташ гирифт, гулӯяш сӯхт ва гуфт:
– Ту чӣ гуна харбузаи бо ин талхиро хӯрдӣ ва рӯй турш накардӣ?
Луқмон гуфт:
– Ту он қадар ба ман муҳаббат кардаӣ, ки шармам омад, чизе, ки ту ба ман медиҳӣ, баргардонам ва мойил ҳам набудам, ки бо чашидани харбузаи талх туро ба дарди сар биандозам ва шахси ҳадяовардаро ҳам шармгину хиҷолатзада кунам.

Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад,
Аз муҳаббат миссҳо заррин шавад.
Аз муҳаббат дурдҳо софӣ шавад,
Аз муҳаббат дардҳо шофӣ шавад.
Аз муҳаббат мурда зинда мекунанд,
Аз муҳаббат шоҳ банда мекунанд.
Ин муҳаббат ҳам натиҷай дониш аст,
Кай газофа бар чунин тахте нишаст.

ДОСТОНИ МӮСО ВА ШУБОН

Мӯсо (а) чӯпонеро дид, ки бо Худованд розу ниёз мекард ва бо забону фикри содаи худ замзама менамуд:
– Эй Худо! Ту куҷо ҳастӣ, ки ба ту хидмат кунам, саратро шона кунам, хонаатро бирӯбам, кафш ба поят кунам, дастҳоятро бибӯсам, поятро бимолам, рахти хобатро паҳн кунам! Эй Худои ман! Ҷони ману фарзандону хонаамон фидои ту! Бузҳои ман ба қурбонии ту! Ту куҷо ҳастӣ? Агар бемор шавӣ, туро парасторӣ мекунам, агар танҳо шудӣ, ғамхори ту мешавам.

Дид Мӯсо як шубонеро ба роҳ,
К-ӯ ҳамегуфт: «Эй Худову эй Илоҳ!
Ту куҷоӣ, то шавам ман чокарат,
Чоруқат дӯзам, кунам шона сарат.
Ҷомаат шӯям, шапушҳоят кушам,
Шир пешат оварам, эй муҳташам!
Дастакат бӯсам, бимолам поякат,
Вақти хоб ояд, бирӯбам ҷоякат.
Эй фидои ту ҳама бузҳои ман,
Эй ба ёдат ҳай-ҳаю ҳайҳои ман».

пешина
аз 176
навбатӣ