Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ ТАШНАЕ, КИ ДАР ОБ КУЛӮХ МЕАНДОХТ

Бар лаби ҷӯ буд деворе баланд,
Бар сари девор ташнай дардманд.

Ҷӯйи обе аз канори девори баланде мегузашт ва ташнае ҳам ба сари девор нишаста буд. Чун дасташ ба об намерасид, аз лаби девор хишту кулӯх меканд ва дар об меандохт. Аз садои об хушаш омада, пайваста ин корашро такрор мекард. Об аз ташна пурсид:
– Чаро ин корро мекунӣ ва бо хишту кулӯх маро меозорӣ?
Ташна гуфт:
– Аз ин кор ду фоида мебарам: яке ин ки аз садои афтодани кулӯхҳо дар об хушам меояд ва ташнагиро камтар эҳсос мекунам ва ба зудӣ ҳам дастам ба об мерасаду ташнагиамро фурӯ менишонам.

ДОСТОНИ ЗУННУНИ МИСРӢ

Инчунин Зуннуни Мисриро фитод,
К-андар ӯ шӯру ҷунуни нав бизод.
Шӯр чандон шуд, ки то фавқи фалак
Мерасид аз вай ҷигарҳоро намак.
Ҳин, манеҳ ту шӯри худ, эй шӯрахок!
Паҳлуйи шӯри худовандони пок.

Орифу донишманд Зуннуни Мисрӣ бемор шуду кораш ба ҷунун кашид, мардуми авом ӯро чун девона ба зиндон андохтанд.

Халқро тоби ҷунуни ӯ набуд,
Оташи ӯ ришҳошон мерабуд.
Чунки дар риши авом оташ фитод,
Банд кардандаш, ба зиндоне ниҳод.
Нест имкон вокашидан ин лагом,
Гарчи з-ин раҳ танг меоянд ом.
Дида ин шоҳон зи ома хавфи ҷон,
К-ин гурӯҳ кӯранду шоҳон бенишон.
Чунки ҳукм андар кафи риндон бувад,
Лоҷарам Зуннун дар зиндон бувад.

Дӯстони Зуннун, ки ин хабарро шуниданд, гуфтанд: «Ҳаргиз чунин донишманде девона намешавад ва дар ин кори ӯ бояд розе бошад». Далеле ҳаст, ки худро ба девонагӣ задааст. Пас ба дидори ӯ рафтанд. Пурсид:
– Шумо кӣ ҳастед ва чаро ба ин ҷо омадед?

Бо адаб гуфтанд: «Мо аз дӯстон,
Баҳри пурсиш омадем ин ҷо ба ҷон».

Гуфтанд:
– Мо медонем, ки донишманде монанди ту девона намешавад. Хоҳиш мекунем ба мо бигӯ чӣ розе дар ин нуҳуфтааст ва чаро ба дасти мардуми авом баҳона додаӣ?
Зуннун чун сухани онҳоро шунид, ҳамаро дашном дод ва ба ҷониби онҳо кулӯху санг ҳаво дод. Дӯстон гурехтанд. Зуннун бо садои баланди қаҳқаҳазананда хандида гуфт:
– Шумо чӣ дӯстоне ҳастед, ки аз дӯст мегурезед? Магар барои дилсӯзӣ ва дилдории ман наомадаед?

Кай карон гирад зи ранҷи дӯст дӯст?
Ранҷмағзу дӯстӣ онро чу пӯст.
Дӯст ҳамчун зар, бало чун оташ аст,
Зарри холис дар дили оташ х(в)аш аст.

пешина
аз 176
навбатӣ