Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Илм гуфторе, ки он беҷон бувад,
Ошиқи рӯйи харидорон бувад.
Гарчи бошад вақти баҳси илми зафт*,
Чун харидораш набошад, мурду рафт.
Хунбаҳои ман ҷамоли Зулҷалол**,
Хунбаҳои худ хӯрам, касби ҳалол.
Ин харидорони муфлисро биҳил***,
Чӣ харидорӣ кунад як мушти гил?
Гил махӯр, гилро махар, гилро маҷӯ.
З-он ки гилхор аст доим зардрӯ.
Дил бихӯр, то доимо бошӣ ҷавон,
Аз таҷаллӣ чеҳраат чун арғавон****.
Донише, ки Худованд ба ман додааст, барои хидмати мардум аст. Онро хариду фурӯш намекунам ва нардбони раҳбарӣ қарор намедиҳам.
- Қаҳба – зани сабукпо, фоҳиша.
- Бонг – фарёд, овоз, садо, махсусан садои баланд.
ДОСТОНИ ПОСБОНУ МАРДИ МАСТ
Муҳтасиб дар нимшаб ҷойе расид,
Дар буни девор масте хуфта дид.
Гуфт: «Ҳай, мастӣ, чӣ хӯрдастӣ? Бигӯ»,
Гуфт: «Аз ин хӯрдам, ки ҳаст андар сабӯ*****».
Гуфт: «Охир дар сабӯ вогӯ, ки чист?»
Гуфт: «Аз он ки хӯрдаам». Гуфт: «Ин хафист******».
Гуфт: «Он чи хӯрдаӣ, он чист он?»
Гуфт: «Он кӣ дар сабӯ махфист он»
Посбоне шабе аз кӯча мегузашт. Мардеро дид, канори девор хуфта.
Гуфт:
– Эй маст, чӣ хӯрдаӣ?
Гуфт:
– Он чи дар ин сабӯ аст, хӯрдаам.
Гуфт:
– Пурсидам, чӣ хӯрдаӣ?
Гуфт:
– Ҳар чӣ дар ин ҷо пинҳон аст.
Аз ин гуна пурсишу ҷавоби бе сару пуч посбон ба мақсад нарасид. Гуфт:
– Оҳ кун, то даҳонатро бӯ кунам.
Марди маст ҳу-ҳу кард.
Гуфт: «Гуфтам, оҳ кун, ҳу мекунӣ»
Гуфт: «Ман шоду ту аз ғам мунҳанӣ*.
Оҳ, аз дарду ғаму бедодӣ аст,
Ҳуй-ҳуйи майхӯрон аз шодӣ аст».
Маст гуфт:
– Чаро «оҳ» кунам? Ман дарду ғаме надорам, майхӯрон шоданду шодӣ мекунанд.
Посбон гуфт:
– Бархез, туро бояд ба зиндон бибарам.
Гуфт: «Рав, ту аз куҷо, ман аз куҷо?
Гуфт: «Мастӣ, хезу то зиндон биё!»
Маст гуфт:
– Эй посбон, ман чӣ дорам, ки ба зиндон биёям? Аз бараҳна тавон намехоҳанд:
Гар маро худ қуввати рафтан будӣ,
Хонаи худ рафтаме в-ин кай шудӣ?
Ман агар боақлу боимконаме,
Ҳамчу шайхон бар сари дукконаме».
- Зафт – сахт, дурушт, дағал.
** Зулҷалол – дорои ҷалол, соҳиби ҷалол, боҳашамат, азим, бузург: маҷ. Худо.
*** Биҳил – пиҳил, бахшидани ҷурм, авф кардани гуноҳ.
**** Арғавон – дарахтест, ки гулҳояш бағоят сурх мешаванд, маҷозан сурх.
***** Сабӯ – куза, зарфи сафол ва ё филиззӣ барои об, шароб ва ғайра.
****** Хафӣ//хафо – пӯшида, пинҳон, пинҳон ва махфӣ будан. - Мунҳанӣ – хамида, дуто, каҷ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор