Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ СОҲИБХОНА ВА ДУЗД

Шабе дузде ба хонаи марде омад. Мард бедор шуду дар пайи дузд давид. Дузд медавиду ӯ ҳамчунон дунболаш мекард. Қариб буд, ки ӯро бигирад, фарёде шунид. Касе ӯро садо мекард, ки «зуд баргард ва биё, бибин ин ҷо чӣ хабар аст». Мард гумон кард, ки дузди дигаре ба хонаи ӯ омадааст ва аз тарси ин ки ба зану фарзандаш осебе нарасад, баргашт ва аз садокунанда пурсид:
– Чӣ хабар аст?
Гуфт:
– Биё, пайи пойи дуздро пайдо кардам!
Соҳибхона гуфт:
– Ман худ дуздро дидам ва қариб буд, ки ӯро ба чанг дарорам. Ту маро даъват мекунӣ, ки нишони пойи ӯро бубинам?
Он мард гуфт:
– Нишони пой ҳақиқат аст.
Соҳибхона гуфт:
– Дидани дузду таъқиби ӯ ва қариб доштани ӯ муяссар буд, то он даме ки ту садоям задӣ, бештар ҳақиқат аст. Ё ту марди аблаҳ ҳастӣ ё ҳамдасти дуздӣ, ки барои гурезонидани ӯ ин бозиро ба ному кӯмаки ҳақиқат пеш гирифтаӣ!

Гуфт: «Таррорӣ ту ё худ аблаҳӣ,
Балки ту дуздиву з-ин ҳол огаҳӣ.
Хасми худро мекашидам ман кашон,
Ту раҳонидӣ варо, к-инак нишон!»

ДОСТОНИ МУНОФИҚОНУ ПАЁМБАР (с) ВА МАСҶИДИ ЗИРОР

Дар замони зиндагонии Муҳаммад (с) гурӯҳе ба фикр афтоданд, ки исломро хароб кунанд ва барои ин ки касе аз нияти нопоки онҳо огоҳ нашавад, масҷиде сохтанду мехостанд он ҷоро ҷойгоҳе барои гирд омадани мусалмонон қарор бидиҳанд ва касонеро, ки ба масҷиди Расули акрам (с) мерафтанд, ба он ҷо ҷалб кунанд, то донишмандони яҳудӣ, ки ба зоҳир ислом оварда буданд, битвонанд онҳоро аз роҳ бароранд. Вақте масҷид сохта шуд:

Назди Пайғамбар ба лоба* омаданд,
Ҳамчу уштур пеши ӯ зону заданд.

Аз ӯ дархост карданд, ки масҷидро бикушоянд. Ҳазрати Муҳаммад (с) хост хоҳиши онҳоро бипазирад, вале дилаш гувоҳӣ медод, гӯё нияти бади онҳоро эҳсос карда буд. Ба ин ҷиҳат ба онҳо гуфт:
– Мо бояд акнун ба ҷанги мушрикон биравем, дар бозгашт дар ин бора фикре хоҳем кард.
Саркорони мунофиқ исрор карданд. Паёмбари акрам (с) ночор гуфт, ки ӯ ба хубии нияти онҳо бовар надорад. Онҳо бо Қуръон савганд хӯрданд, ки бо нияти пок ба чунин коре даст задаанд:

Ки ба ҳаққи ин каломи поку рост,
К-он бинои масҷид аз баҳри Худост.

пешина
аз 176
навбатӣ