Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

– Оё дилҳо беҳтар аст ё мулки дунё? Он чӣ ту мебинӣ, сурати зоҳирии салтанати маънавӣ аст. Чашми дил боз кун!
Ҳазрати Юсуф (а) пироҳанашро фиристод, ки ба чашмҳои падараш бимоланд, то бино шавад. Дар одамӣ панҷ ҳис бо якдигар пайвастаанд. Неруи яке сабаби неруи дигарест:

Дидани дида физояд ишқро,
Ишқ дар дида физояд сидқро.
Сидқ бедории ҳар ҳис мешавад,
Ҳиссҳоро завқ мӯнис мешавад.
Чун яке ҳис ғайримаҳсулот дид,
Гашт ғайбе бар ҳама ҳисҳо падид.
Чун зи ҷӯ ҷаст аз гала як гӯсфанд,
Пас паёпай ҷумла он сӯ барҷаҳанд.

Ҳангоме ки ту ба худ ғолиб шавӣ ва ҳавоси худро дар ихтиёр бигирӣ, ҳамаи ҳастӣ ба ту ҳоҷатманд хоҳад шуд.

Ҳиссҳо бо ҳисси ту гӯянд роз
Бе ҳақиқат, бе забону бе маҷоз.

Чун он мард нуфузи калима ва неруи маънавии Иброҳимро дид, дар дил нолид, ки моҳиён аз тавоноии Иброҳим огоҳанд ва ман ҳанӯз надонам, аз моҳиён камфаҳмтарам.

Саҷда карду рафт гирёну хароб,
Гашт девона зи ишқи фатҳи боб.
Пас ту, эй ношустарӯ, дар чистӣ?
Дар низоъу дар ҳасад бо кистӣ?
Бо думи шере ту бозӣ мекунӣ,
Бар малойик турктозӣ мекунӣ.
Дар рухи маҳ айббинӣ мекунӣ?
Дар биҳиште хорчинӣ мекунӣ?
Гар биҳишт андар равӣ ту хорҷӯ,
Ҳеч хор он ҷо наёбӣ ғайри ту.
Мебипӯшӣ офтобе дар гиле?
Рахна меҷӯйӣ зи бадри комиле?
Офтобе, ки битобад дар ҷаҳон,
Баҳри хуффоше куҷо гардад ниҳон?
Айбҳо аз радди пирон айб шуд,
Ғайбҳо аз рашки эшон ғайб шуд.
Боре аз дурӣ зи хидмат ёр бош,
Дар надомат чобуку бар кор бош.
То аз он роҳат насиме мерасад,
Оби раҳматро чӣ бандӣ аз ҳасад?

  • Сармадӣ – абадӣ, ҷовидон.

ДОСТОНИ ШАЙХ ВА МУРИДИ АЙБҶӮ

Марде пири доноеро туҳмат зад, ки одами баде аст ва ба роҳи рост намеравад, бо ин ки некӯкор нест, чӣ гуна дигаронро ба некӣ мехонад? Яке аз муридони пир гуфт:
– Чунин мардеро туҳмат задан аз адаб дур аст.

Инчунин буҳтон манеҳ бар аҳли Ҳақ,
К-ин хаёли туст, баргардон варақ.

Касе, ки ба мақоми ин донои пир нарасидааст, намедонад рози ӯ чист ва худи ӯ кист.

Куфру имон нест он ҷое, ки ӯст,
З-он ки ӯ мағз асту ин ду рангу пӯст.
Куфрро ҳад асту андоза, бидон
Шайху нури шайхро набвад карон.

пешина
аз 176
навбатӣ