Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Туҳматзананда гуфт:
– Биё, туро пеши ӯ бибарам, то ба чашми худ бинӣ, ки май мехӯраду баду бадкор аст.
Муриду он мард хидмати шайх рафтанд. Ӯро дар ҳоли шаробхӯрӣ диданд. Гуфтанд:
– Эй шайх, ту дар ин мақом бо мастию майхорагӣ чӣ мекунӣ?
Шайх ба онҳо гуфт:
– Наздиктар биёед ва чун рафтанду дар ҷом нигаристанд, ҷуз шарбати асалу ангубин чизе надиданд. Ҳар ду дар шигифт омаданд, аз ин ки туҳмат зада буданд, ғамгин шуданд.
Он гоҳ шайх гуфт:
– Ман беморам ва дармонам шароб аст. Бираву барои ман шароб таҳия кун, чунки дар шаръ барои дармону тандурустӣ ҳар ҳароме ҳалол мешавад.
Мурид ба шаҳр рафт. Ба ҳар майхонае сар зад, шароб наёфт. Ҳама ҷо шишаҳо ва хумҳои шароб пур аз ангубин шуда буд. Майфурӯшон донистанд, ки ин асари каромати шайх аст. Дастбарсарзанону ашкрезон рӯ ба хонаи ӯ ниҳоданд.

Ҷумла риндон назди он шайх омаданд,
Чашм гирён, даст бар сар мезаданд.

Ҳамагӣ гуфтанд:
– Ту, ки метавонӣ шаробро асал гардонӣ, моро ҳам аз гумроҳӣ наҷот бидеҳ, раҳнамоӣ кун, то аз бадию зиштӣ раҳоӣ ёбем.

ДОСТОНИ МУШ ВА ШУТУР

Шутуре мерафт ва муше лаҷоми ӯро мекашид. Чун шутур ба оромӣ дар пайи ӯ равон буд, худписандӣ мушро мағрур кард, ки: «Ин манам, ки шутури бо ин бузургиро роҳ мебарад!» Шутур фикри ӯро дарёфт, ба худ гуфт: «Ӯро дар ҷояш шинонам, ки раҳнамои ман нест ва аз хари шайтон пасттараш бикашам, ки дигар чунин хаёли худхоҳона ба сараш назанад». Дар роҳ ба наҳри обе расиданд. Муш чун чашмаш ба об афтод, тарсаш гирифт ва истод.

Муш он ҷо истоду хушк гашт,
Гуфт уштур: «Эй рафиқи кӯҳу дашт!
Ин таваққуф чист? Ҳайронӣ чаро?
По бинеҳ мардона, андар ҷӯ даро.
Ту қаловузию пешоҳанги ман,
Дар миёни раҳ мабошу тан мазан».
Гуфт: «Ин оби шигарф*асту амиқ,
Ман ҳаметарсам, зи ғарқоб, эй рафиқ».

Шутур гуфт:
– Бигузор по даруни об бигзорам ва бинам, ки жарфии** он чӣ қадар аст. Он гоҳ ба об даромад. Об то зонуи ӯ буд.

Гуфт: «То зонуст об, эй кӯрмуш,
Аз чӣ ҳайрон гаштиву рафтӣ зи ҳуш?»
Гуфт: «Мӯри тусту моро аждаҳост,
Ки зи зону то ба зону фарқҳост.
Гар туро то зону аст, эй пурҳунар,
Мар маро сад газ гузашт аз фарқи сар».

пешина
аз 176
навбатӣ