Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Марям гуфт:
– Рост мегӯйӣ. Ман ҳам дар даруни худ чунин ҷунбишеро эҳсос кардам.
Мардуми нодон мегӯянд, ки ин афсона аст ва набояд бовар кард.

Аблаҳон гӯянд к-ин афсонаро,
Хат бикаш, зеро дурӯғ асту хато.

Чун Марям, ҳангоме ки ҳомила буд, беруни шаҳр мезист ва аз дидори касон парҳез мекард, ҳаргиз модари Яҳёро ҳам надида буд, то бидонем ин афсона рост аст ё на. Аммо ин зоҳири кор аст. Агар касе дар пайи ботин бошад, метавонад басо нишонаҳои дурустии ин достонро ба даст биёварад, чунки:

Эй бародар, қисса чун паймонаест,
Маънӣ андар вай мисоли донаест.
Донаи маънӣ бигирад марди ақл,
Нангарад паймонаро гар гашт нақл.
Моҷарои булбулу гул гӯш дор,
Гарчи гуфтӣ нест он ҷо ошкор.
Моҷарои шамъ бо парвона ту,
Бишнаву маънӣ гузин з-афсона ту.

Достони «Калила ва Димна»-ро шунидаӣ? Чӣ гуна Калила бе забон сухан мегуфт ва Димна бе баён мефаҳмид. Чӣ гуна Димна аз шер ба гов ва аз гов ба шер паём мебурд ва ҳар дуро мефирефт. Гов чӣ гуна вазири шер мешуд ва фил чаро аз дидани акси моҳ дар об ҳаросид. Агар даду дом ҳарфи якдигарро мефаҳмиданд, одамӣ аз куҷо медонад онҳо чӣ мегӯянд? Булбулу гул бо шамъу парвона бо ҳам чӣ гуна розу ниёз мекунанд. Албатта, инҳо ҳама аз тамсил аст. Касе, ки дубин аст, вақте дар осмон нигоҳ мекунад, ду моҳро мебинад ва агар ба ӯ мегӯянд «моҳ якест», мегӯяд, «дурӯғ аст». Агар ба шӯхӣ ба ӯ бигӯянд «моҳ дутост», мегӯяд, ки рост мегӯед! Вале, ба ростӣ, як моҳ дар осмон аст. Ҳама ҷо набояд ба зоҳир нигарист, ба маънӣ ҳам бояд таваҷҷуҳ дошт. Афсонаҳо одамиро ба диёри маънӣ мебаранд. Тарзе ки ба чашм наояд, аммо воқеият нишони он медиҳад.

ДОСТОНИ ДАРАХТИ ЗИНДАГӢ

Гуфт доное барои достон,
Ки дарахте ҳаст дар Ҳиндустон.
Ҳар касе к-аз меваи ӯ хӯрду бурд,
Не шавад ӯ пир, не ҳаргиз бимурд.
Подшоҳе ин шунид аз содиқе,
Бар дарахту мевааш шуд ошиқе.
Қосиде доно зи девони адаб,
Сӯйи Ҳиндустон равон кард аз талаб.

Марди сафаркардае достоне гуфт, ки дар Ҳиндустон дарахте ҳаст, ҳар кас меваашро бихӯрад, на пир мешавад ва на мемирад. Подшоҳе ин достонро шунид ва бовар карду яке аз дарбориёни донишманди худро ба сарзамини Ҳинд фиристод, ки он дарахтро ҷустуҷӯ кунад.

пешина
аз 176
навбатӣ