Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Шутур гуфт:
– Мебинӣ, ки об то зонуи ман намерасад. Тезтар ба об даро!
Муш гуфт:
– Аз зону то зону фарқ аст. Он ҷо, ки об ба зонуи ту мерасад, аз фарқи сари ман чандин газ дармегузарад.
Шутур гуфт:
– Бо ин нотавонӣ чӣ гуна даъвои раҳбарӣ мекунӣ ва кибру ғурур мефурӯшӣ!
Муш гуфт:
– Тавба кардам.

Гуфт: «Тавба кардам, аз баҳри Худо,
Бигзарон з-ин оби муҳлик мар маро».

Дили уштур бар муши бечораю шармзада сӯхт ва гуфт:
– Барҷаҳ ва бар болои кӯҳони ман бинишин, аз ин пас, ғурури худписандиро аз худ дур кун. Худпарастӣ аз шаҳват сарчашма мегирад ва чун такрор шуд, одат мешавад.

Ту раият* бош, чун султон найӣ,
Худ марон, чун марди киштибон найӣ.

  • Шигарф – аҷиб, шавқовар.
    ** Жарфӣ – амиқӣ, чуқурӣ.

ДОСТОНИ ДАРВЕШИ ДИЛСӮХТА ВА КАРОМОТИ Ӯ

Дар як киштӣ марди нодоре гӯшаеро гирифта ва хуш хуфта буд. Аз қазо мусофире кисаи пури пулашро гум карда буд. Ҳама ҷойи киштиро ҷустуҷӯ карданду пул пайдо нашуд. Мусофир он дарвешро нишон дода гуфт:
– Ба ӯ бадгумонам, ӯро ҳам бикобед.
Пас, дарвешро аз хоби хуш бедор карданд ва гуфтанд, ҷомадонашро берун биоварад, шояд гумшуда назди ӯ пайдо шавад. Дили марди нодор аз ин туҳмат сӯхт ва ба Худо нолид, ки:
– Эй Парвардигори бузург, ин мардуми паст ба ман бадгумон шудаанд. Ту бегуноҳии бандаи дилсӯхтаи худро ба онҳо нишон бидеҳ!
Дар ин ҳол, моҳиёни бисёре, ки ҳар як марвориде дар даҳон дошт, сар аз об берун оварданд. Дарвеш чанд дона марворидро аз моҳиён гирифт ва онҳоро пеши он мардум партофт.
Аҳли киштӣ фарёд карданд:
– Эй баландҳиммати бузургвор, ту чӣ гуна ба ин мақоми баланд расидӣ?
Дарвеш гуфт:
– Аммо ростӣ ин аст, ки Худованд ин кароматро ба ман бахшид, ки на ба доро бадгумон шудам, на ба нодор ва на дар умрам ба ҳеҷ кас туҳмат бастам, то Парвардигор маро ба ин мақому манзалат расонид.

  • Раият – табаа, оммаи мардуми фармонбардор, тобеъ, мардуме, ки зери даст ва ҳимояи касе бошанд.

ДОСТОНИ ЯҲЁ ВА ИСО ДАР ШИКАМИ МОДАР

Модари Яҳё (а) рӯзе ба Марям (р) – модари Исо (а) гуфт:
– Ман яқин дорам кӯдаке, ки дар шиками туст, Паёмбари Худост, чун рӯзе кӯдаке, ки ман дар шикам дорам ва ба он обистанам ба ҳоли саҷда ба сӯйи ту баромад. Чунон ки аз ҷунбиши дасту пойи ӯ диламро дард гирифт.

пешина
аз 176
навбатӣ