Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Паёмбари акрам (с) фармуд: «Мусалмонон чун бо ҳам яке шуданд, корашонро пеш бурданд ва ҳамин ки бо ҳам ба душманӣ пардохтанд, дигар кори хубу арзишмандеро анҷом надоданд».

  • Танозӯъ – бо ҳам низоъ кардан, бо якдигар душманӣ кардан.

ДОСТОНИ ЧӮҶАҲОИ МУРҒОБӢ ВА МУРҒИ ХОНАГӢ

Зери мурғи хонагӣ тухми мурғобӣ ниҳоданд. Чӯҷаҳо сар аз тухм бароварданд ва мурғ ба парвариши онҳо пардохт.
Мурғ аз обу дарё метарсид, вале чӯҷаҳои мурғобӣ дар дилу дар табиат хостори обу дарё буданд ва мекӯшиданд худро ба об андозанд. Ин майли обро аз модар ба ирс бурда буданд, аммо мурғи хонагӣ намедонист, ки онҳо аз об наметарсанд.
Инсонро, ки Худованд гиромитарин офаридаи хеш номидааст, агарчи рӯйи хок зиндагӣ мекунад ва табъаш ба пастӣ мегарояд, монанди чӯҷаҳои мурғобӣ аслаш аз дарёст. Бинобар ин, бояд бошарафу обрӯманд умри хешро ба поён бирасонад.

Ту ба тан ҳайвон, ба ҷонӣ аз малак,
То равӣ ҳам бар замин, ҳам бар фалак.

Ту ҳам дар хушкӣ ва ҳам дар об тавонӣ зиндагӣ кардан. Агар бимирӣ, танат дар хок меравад, вале рӯҳ равонаи роҳи осмон аст. Дили мо аз ин роҳ огоҳ аст, вале чашми зоҳир намебинад.

ДОСТОНИ ЗОҲИДИ БОДИЯНИШИН

Гурӯҳе ба ҳаҷ мерафтанд. Дар миёни биёбон чашмашон ба зоҳиде афтод, ки дар зери офтоби сӯзон рӯйи регҳои гарми сӯзон ба намоз истода буд ва чунон ғарқи зикру дуо буд, ки гӯё миёни боғи пургулу сабза, рӯйи фарши ҳарир қарор дорад. Бодҳои заҳрноки биёбон ба чашми ӯ чун насими баҳорӣ буданд.
Ҳоҷиёни ҳайратзада ӯро тамошо мекарданд, то вақте ки аз парастиши Худо фориғ шуд, ки дар он ҳавои гарму хушк об аз дасту рӯйи ӯ мечакад, монанди ин ки таҳорат кардааст. Аммо дар саҳрои сӯзон обе набуд.
Пурсиданд:
– Об аз куҷо меоварӣ?
Гуфт:
– Ин об аз осмон меояд!
Гуфтанд:
– Ҳар вақт бихоҳӣ, меояд? Ё гоҳ ҳасту гоҳ нест?
Дарвеш дастҳо бар осмон бардошт:

Чашмро бикшуд сӯйи осмон,
Ки иҷобат кун дуои ҳоҷиён.

Ногаҳон абре падид омаду борон боридан гирифт. Ҳоҷиён машкҳои худро пур аз об карданд. Гурӯҳе имон оварданд, гурӯҳе хом монданд ва надонистанд, ки инсон, ки Худоро шинохт ва ба Ӯ худро ҳавола кард, ба ҳар кор тавоност.

пешина
аз 176
навбатӣ