Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Эй намуда ту макон аз ломакон,
«Фӣ-с-самоӣ ризқукум» карда аён.
Дар миёни ин муноҷот абри х(в)аш
Зуд пайдо шуд чу пили обкаш.
Ҳамчу об аз машк боридан гирифт,
Дар гаву дар ғорҳо маскан гирифт.
Абр меборид чун машк ашкҳо,
Ҳоҷиён ҷумла кушода машкҳо.
ДОСТОНИ ФИЛ ВА ХӮРАНДАГОНИ БАЧАИ Ӯ
Он шунидӣ ту, ки дар Ҳиндустон
Дид доное гурӯҳи дӯстон.
Гурусна монда, шуда бебаргу ур,
Мерасиданд аз сафар аз роҳи дур.
Гурӯҳе дар сафар аз миёни бешае мегузаштанд. Бо марди доное вохӯрданд, ки аз дидори онҳо хушҳол ва хушнуд шуд. Чун донист барои расидан ба мақсад бояд аз ҷангал бигузаранд, онҳоро таъкид кард, ки агар гурусна шуданд ва хӯрокӣ наёфтанд, аз меваю барги дарахтону гиёҳон бихӯранд. Ва гуфт:
– Ин беша макони филон аст. Мабодо ҳаваси гӯшт кунеду ба ҷони бачаи фил осеб бирасонед. Чун филҳо бадкина ҳастанд, касеро, ки ба онҳо озор бирасонад, осуда нахоҳанд гузошт, бахусус модафил, ки ҳар ҷо бошад, озорандаи бачаҳои худро таъқиб ва саркӯб хоҳад кард.
Дар ҷангал ҳамчунин бо мардони Худо бармехӯред, ки жандапӯшанду гирифтори бало, ки Худованд барои озмоиш онҳоро ба ин ҳол дучор кардааст. Онҳоро бо назари паст нанигаред ва гиромӣ бидоред. Худованд онҳоро бо бало меозмояд, аммо каромат ҳам ба онҳо мебахшад:
В-арна кай кардӣ ба як чӯбе ҳунар
Мӯсие Фиръавнро зеру забар?
В-арна кай кардӣ ба як нафрини бад
Нӯҳ Шарқу Ғарбро ғарқоби х(в)ад?
Барнакандӣ як дуъои Лути род,
Ҷумла шаҳристонашонро бемурод.
Гашт шаҳристони чун фирдавсашон
Даҷлаи оби сияҳ, рав, бин нишон.
Сӯйи Шом аст ин нишону ин хабар,
Дар раҳи қудсаш бибинӣ дар гузар.
Сад ҳазорон з-анбиёи ҳақпараст
Худ ба ҳар қарне сиёсатҳо будаст.
Гар бигӯям в-ин баён афзун шавад,
Худ ҷигар чӣ бвад? Ки кӯҳҳо хун шавад.
Фил даҳонро бӯ мекунад ва хӯрандаи гӯшти филро меёбад. Ғайбати бандагони Худо ҳам монанди хӯрдани гӯшти тани онҳост. Даҳони ғайбаткунанда бӯ медиҳад ва ӯро расво мекунад ва Худованд ба сазояш мерасонад.
Гӯштҳои «бандагони Ҳақ» х(в)арӣ,*
Ғайбати эшон кунӣ, кайфар** барӣ.
Ҳон, ки бӯёи даҳоншон холиқ аст,
Кай барад ҷон ғайри он, к-ӯ содиқ аст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор