Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Он марди доно боз гуфт:
– Тамаъу ҳирсро бояд дур кард, ки умри одамӣ кӯтоҳ аст ва монанди кисаи зарест, ки ба ӯ медиҳанд ва ҳар рӯз як танга бобати умри якрӯза аз ӯ мегиранд, то ҳангоме ки киса холӣ мешавад, умр ҳам сар ояд. Бояд ба ҷойи он чи аз даст медиҳӣ, чизе бигузорӣ. Он кирдори нек аст, ки ҳам умрро зиёд мекунад ва ҳам номро зинда нигоҳ медорад:
Гуфт носеҳ: «Бишнавед ин панди ман,
То дилу ҷонтон нагардад мумтаҳан*.
Бо гиёҳу баргҳо қонеъ шавед,
Дар шикори пилбачагон** кам равед.
Ман шуморо насиҳат кардам, дигар худ донед.
Мусофирон ба роҳ афтоданд, аммо ҳар дам гуруснагӣ онҳоро озор медод, тобу тавонашонро мегирифт. Ногоҳ чашмашон ба филбачаи фарбеҳ афтод. Панду насиҳати марди доноро ношунида гирифтанд. Он ҳайвонро гирифтанду куштанду хӯрданд.
Ногаҳон диданд сӯйи ҷодае,
Пури*** пиле, фарбеҳе, навзодае.
Андарафтоданд чун гургони маст,
Пок хӯрдандаш, фурӯ шустанд даст.
Аз миёни он ҷамоат танҳо як нафар гӯшти филро нахӯрд ва ҳар чӣ ҳам кард, ки онҳо бачаи филро накушанд, комёб нашуд. Чун гуруснагии онҳо фурӯ нишаст, хобашон гирифт ва ҳар як дар гӯшае дароз кашиданд. Он кас, ки гӯшти филро нахӯрда ва бо гуруснагӣ сохта буд, гуруснаву нотавон ба дарахте такя карда буд. Ногаҳон модафиле ҳаросон аз роҳ расиду пеши рӯйи ӯ истод, даҳонашро се бор бӯ кард ва чанд бор хашмнок гирди ӯ гашт, вале озоре нарасонд. Ба сӯйи онон, ки дар хоб буданд, рафт. Яке-яке даҳонҳоро бӯ мекарду онҳоро помолу саркӯб менамуд ё бо хартум ба ҳаво мепартофт, ки ба замин меафтоданду ҷон медоданд.
Эй касе, ки халқро озор медиҳӣ ва хуни онҳоро мекашӣ ва моли онҳоро мебарӣ, ғофил мабош, ки Офаридгор туро расво хоҳад кард ва ба сазои кирдори бад хоҳад расонд, чун бӯйи кори бад ҷаҳонгир аст.
Бӯй расво кард макрандешро,
Пил донад бӯйи тифли хешро.
Он ки ёбад бӯйи Ҳақро аз Яман,
Чун наёбад бӯйи ботилро зи ман?
Мустафо чун бурд бӯй аз роҳи дур,
Чун наёбад аз даҳони мо бахур?
Ҳам биёбад, лек пӯшонад зи мо,
Бӯйи неку бад барояд бар само.
Ту ҳамехусбиву бӯйи он ҳаром
Мезанад бар осмони сабзфом.
Ҳамраҳи анфоси зиштат мешавад,
То ба бӯгирони гардун меравад.
Бӯйи кибру бӯйи ҳирсу бӯйи оз,
Дар сухан гуфтан биёяд чун пиёз.
- Х(в)арӣ – хӯрӣ.
** Кайфар – ҷазо. - Мумтаҳан – хору залил, беқадру қиматшуда.
** Пилбачагон – филбачагон.
*** Пур – бача.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор