Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Дар фурӯ бастанд аҳли хонааш,
Хоҷа шуд з-ин кажравӣ девонаваш.
Охир аз хастагӣ дармонданд ва панҷ рӯз сабр карданд, то шояд он мард пайдо шавад. Оқибат марди деҳотӣ аз хона берун омад ва ҳамин ки марди шаҳрӣ ба ӯ салом кард, гуфт:
– Ту кӣ ҳастӣ? Бо ту ошноӣ надорам.
Марди шаҳрӣ нишонаҳо дод, ки ту солҳо ба хонаи мо омадаӣ ва пеши мо мондаӣ. Кӯдакони ман бо ту ошноянд. Деҳотӣ инкор кард, ки на онҳоро дида ва на чунин чизҳоро ба ёд меоварад. Дар он дам борони сахте гирифт ва марди шаҳрӣ хоҳиш кард, барои ин ки кӯдакони ӯ сармо нахӯранд, ҷое ба онҳо барои як имшаб бидиҳад.
Деҳотӣ гуфт:
– Дар хона ҷое надорам, аммо дар боғ як ҳуҷраи нигаҳбони боғ ҳаст. Ба шарти ин ки то субҳ бедор бошанд, роҳ медиҳам, мабодо гург вориди боғ шавад ва бачаҳоро битарсонад. Марди шаҳрӣ пазируфт ва бо зану бачаҳо он ҷо рафт, аммо то бомдод аз зиёдии пашша ҳеҷ кадом нахуфтанд.
Шаб ҳама шаб, ҷумла гӯён: «Эй Худо,
Ин сазои мо, сазои мо, сазо.
Ин сазои он ки шуд ёри хасон,
Ё касӣ кард аз барои нокасон».
Нимаҳои шаб ба чашми марди шаҳрӣ омад, ки гург вориди боғ шудааст. Ӯро бо тир зад, ҳамин ки ҳайвон афтод, боде аз ӯ даррафт. Ногаҳон марди деҳотӣ фарёд зад:
– Харамро чаро куштӣ?
Шаҳрӣ гуфт:
– Хар набуд, гург буд. Деҳотӣ даъвогар шуд, ки ӯ садои боди харашро мешиносад.
Марди шаҳрӣ гуфт:
– Дар шаби тору абру борон ту чӣ гуна хару гургро муайян мекунӣ?
Деҳотӣ гуфт:
– Курраи хар моли ман аст ва боди ӯро дар миёни бист бод мешиносам!
Он гоҳ марди шаҳрӣ бо хашм аз ҷой ҷаста, гиребони деҳотии фиребкорро гирифту фарёд зад:
– Эй марди пасти намакношинос! Ту дар торикӣ ва ҳавои боронӣ аз роҳи дур боди хари худро мешиносӣ, дар рӯзи равшан марде, ки ҳашт сол, ҳар сол ду-се моҳ аз ту пазироӣ карда, нону намакашро хӯрда, дар хонааш хуфта, бо исрору хоҳиш ӯро даъват кардаӣ, намешиносӣ?
Он кӣ донад нимашаб гӯсоларо,
Чун надонад ҳамраҳи даҳсоларо?
Худованд одами пасту нокасро ин гуна расво мекунад. Он гоҳ ӯро мушту лагади фаровон зада, бар сару рӯйи ӯ кӯфт, то дигар ҳаққи неъматро аз ёд набарад ва эҳсону некӯкорӣ ва меҳрубониро бо дурӯғи пастӣ ва намакношиносӣ ҷавоб нагардонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор