Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ ШАҒОЛ ВА ХУМИ РАНГ

Он шағоле рафт андар хуми ранг,
Андар он хум кард як соат диранг.
Пас баромад, пӯстин рангин шуда,
Ки манам товуси илиййин шуда.
Пашми рангин равнақи хуш ёфта
Офтоб он рангҳо бартофта.

Шағоле дар хуми ранг рафта, соате монда, пас берун омада, пӯсташ рангҳои гуногунро гирифта буд, бо нозу ишва ба худ менигарист ва мепиндошт, ки товуси биҳиштӣ шудааст. Бо ин таннозию ноз миёни гурӯҳи шағолони дигар рафт. Ба ӯ гуфтанд:
– Ин чӣ ҳолест?
Бо ғурур нигоҳе кард.
Шағоле дар гӯши ӯ гуфт:
– Чӣ ҳилае кардӣ? Магар мехоҳӣ ба минбар рафта, бо лофу газоф худро ба мардум бинамоӣ? Агар чунон аст, ту ҳоли марди аблаҳеро дорӣ, ки мӯйлабҳои худро бо равғани дунба чарб мекард ва миёни давлатмандон мерафт. Даст ба сӯйи мӯйлабҳо мекашид, то ба онҳо бигӯяд, ки ғизои равғанину ширин хӯрдааст. Аммо шикамаш ба ӯ мегуфт:
– Эй газофагӯ, маро гурусна нигоҳ медорӣ ва бо дигарон риё мекунӣ. Агар рост мегуфтӣ, шояд яке пайдо мешуд ва хӯроке ба ту медод, то ман аз гуруснагӣ нанолам.

Лофи ту моро бар оташ барниҳод,
К-эй сиболи* чарби ту барканда бод.
Гар набудӣ лофи зиштат, эй гадо,
Як кариме раҳм афкандӣ ба мо.

Шағоли рангиншуда гуфт:
– Ман шағол нестам. Нигоҳе ба ман биандоз. То ҳол зебое мисли ман дидаӣ?

Эй шағолон! Ҳин,** махонедам шағол,
Кай шағолеро бувад чандин ҷамол?

Шағолҳо гуфтанд:
– Аз ин пас ту чистӣ?
Гуфт:
– Товус.
Гуфтанд:
– Товус чатр мезанад, ту метавонӣ?
Гуфт:
– Не.
Гуфтанд:
– Садои зебо ва форам дорад. Ту дорӣ?
Гуфт:
– На.
Гуфтанд:
– Пас, бидон ки товус нестӣ, шағоли рангкарда ҳастӣ!
Фиръавн ҳам чун он шағол ба риши худ гавҳарҳои гуногун овехта буд ва худро аз Мӯсо (а) болотар медонист. Мардуми нодон ҳам ӯро саҷда мекарданд. Дарвоқеъ, молу сарвату зару зевари ӯро саҷда мекарданд, вале Фиръавн мепиндошт, ки ба ӯ эҳтиром мекунанд. Ва ҳамин иштибоҳ сабаби гумроҳии ӯ шуд, аммо Мӯсо (а) ва Ҳорун (а) ӯро расво карданд. На шағол аз хуши рангрезӣ товус мешавад, на одами нодону аблаҳ бо пулу ҷавоҳир одам мешавад.

Эй саги гаргини зишт! Аз ҳирсу ҷӯш
Пӯстини шерро бар худ мапӯш.
Ғурраи шерат бихоҳад имтиҳон,
Нақши шеру он гоҳ ахлоқи сагон.

  • Сибол – ҷамъи саблат, сиблат, мӯйлабҳо, бурутҳо.
    ** Ҳин – вақт, ҳангом; калимаи нидо: ана, инак, огоҳ бош, эҳтиёт шав; шитоб кун, зуд.
пешина
аз 176
навбатӣ