Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Эй басо бедорчашму хуфтадил,
Худ чӣ бинад диди аҳли обу гил?
Он кӣ дил бедор дорад, чашми сар
Гар бихуспад, баргушояд сад басар.
Гар ту аҳли дил найӣ, бедор бош,
Толиби дил бошу дар пайкор бош.
В-ар дилат бедор шуд, мехусп х(в)аш,
Нест ғоиб нозират аз ҳафту шаш.
Гуфт пайғамбар, ки хуспад чашми ман,
Лек кай хуспад дилам андар васан?
Шоҳ бедор аст, ҳорис хуфта гир,
Ҷон фидои хуфтагони дилбасир.
Васфи бедории дил, эй маънавӣ!
Дарнагунҷад дар ҳазорон маснавӣ.
Мӯсо гуфт:
– Шумо ҳам ба дарбор биравед ва аз дидори мо ба касе сухан нагӯед, то ин ки ҳамон ҷо расвоии Фиръавнро ба чашм бибинед.
Рӯзи озмоиш фаро расид. Соҳирон омаданд ва Мӯсо ҳам ҳозир шуд. Соҳирон ҳунарнамоиҳо карданд, ки чашмҳо хира монд. Дар охир аз пораҳои чӯб мору аждаҳо сохтанд, ки мардум аз тарси онҳо мегурехтанд. Дар он ҳол Мӯсо асои худро раҳо кард ва аждаҳои даҳшатнок шуда, ҳама мору аждаҳои соҳиронро даркашид. Соҳирон ба Худои ягона имон оварданд. Фиръавн дар хашм шуду гуфт:
– Дастҳо ва пойҳоятонро мебурам ва ба доратон мезанам.
Он намедонист, к-эшон растаанд,
Бар даричай нури дил биншастаанд.
Достони Мӯсо (а) ва Фиръавн барои мисол аст. Аз он панд бояд гирифт. Дар даруни ҳар касе имони Мӯсо (а) ва куфри Фиръавн ҷо дорад. Афзал одаме аст, ки ба Мӯсо бовар ва аз Фиръавну феъли фиръавнӣ дурӣ кунад.
Зикри Мӯсо банди хотирҳо шудаст,
К-ин ҳикоятҳост, ки пешин будаст.
Зикри Мӯсо баҳри рӯпӯш аст, лек
Нури Мӯсо нақди туст, эй марди нек.
Мӯсиву Фиръавн дар ҳастии туст,
Бояд ин ду хасмро дар хеш ҷуст.
Ин сафолу ин палита дигар аст,
Лек нураш нест, дигар з-он сар аст.
В-ар назар бар нур дорӣ, вораҳӣ,
Аз дувӣ в-аъдоди ҷисми мунтаҳӣ.
Аз назаргоҳ аст, эй мағзи вуҷуд,
Ихтилофи муъмину габру ҷуҳуд.
- Муаббир – таъбиркунандаи хоб
- Набот – рустанӣ.
- Нох(в)аш – нохуш.
- Ваҳй – паём ва илмҳое, ки Худованд ба паёмбаронаш мефиристад.
ДОСТОНИ ШИНОСОИИ ФИЛ
Ҳиндиҳо филеро барои тамошои мардум оварда, ӯро дар хонаи торике ба тамошо гузошта буданд.
Аз барои дидани мардум басе
Андар он зулмат ҳамешуд ҳар касе.
Мардум чун ӯро дар торикӣ дида наметавонистанд, ҳар кас дасташ ба ҳар ҷойи бадани фил, ки мерасид, тасаввуре аз ӯ ва шакли вай дар зеҳни худ меофарид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор