Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Он якеро каф ба хартум уфтод.
Гуфт: «Ҳамчун новадон аст ин ниҳод».

Якеро ба гӯши ӯ даст расид. Онро ба шакли бодбезан ёфт. Дигаре пойи филро молид, тасаввури сутун дар зеҳнаш омад. Яке дигар даст бар пушти фил кашиду гуфт:
– Ин тахти равон аст.
Аз ин ҷиҳат, дар бораи чигунагии шакли фил дар тасаввури онҳо ихтилоф пайдо карданд. Агар он хона равшан мебуд, филро на новадону на бодбезан, на сутуну на тахти равон медиданд, балки филро фил медиданд, ҳама ба иттифоқ хулоса мекарданд ва бо ҳам ихтилофе намедоштанд, ҳама чизро бо чашми ботин дуруст метавон дид:

Чашми ҳис ҳамчун кафи даст асту бас,
Нест кафро бар ҳама ӯ дастрас.
Чашми дарё дигар асту каф дигар,
Каф биҳил в-аз дидаи дарё нигар.

Мавлавӣ мегӯяд:
– Касоне, ки аз рӯйи хомӣ таассуб меварзанд, онҳое ҳастанд, ки чашми дилашонро ба кор наандохтаанд, балки бо ламс кардан мехоҳанд роҳи ҳақиқатро пайдо кунанд:

Ин ҷаҳон ҳамчун дарахт аст, эй киром,
Мо бар ӯ чун меваҳои нимхом.
Сахт гирад хомҳо мар шохро,
З-он ки дар хомӣ нашояд кохро.
Чун бипухту гашт ширин лаб газон,
Суст гирад шохҳоро баъд аз он.
Чун аз он иқбол ширин шуд даҳон,
Сард шуд бар одамӣ мулки ҷаҳон.
Сахтгириву таассуб хомӣ аст,
То ҷанинӣ, кор хуношомӣ аст.
Дам мазан, то бишнавӣ з-он офтоб,
Он чи н-омад дар китобу дар хитоб.

ДОСТОНИ НӮҲ ВА ПИСАРАШ

Ҳангоме ки тӯфон шуд ва рӯйи заминро фаро гирифт, ҳазрати Нӯҳ (а) худопарастону дигар мавҷудотро дар киштӣ ҷой дод. Писарашро дид, ки рӯйи об шино мекунад. Ӯро фарёд заду гуфт:
– Дар киштии падар биншин, то аз нестӣ раҳоӣ ёбӣ.
Писар гуфт:
– Маро аз киштии ту бад меояд. Бо шино худамро ба он кӯҳи баланд мерасонам ва аз хатар дар амон мемонам.

Гуфт: «На, ман ошно омӯхтам,
Ман ба ҷуз шамъи ту шамъ афрӯхтам.

Нӯҳ (а) гуфт:
– Тӯфон шиддат мегирад ва рӯйи кӯҳро ҳам об хоҳад гирифт. Дар он ҷо паноҳе нест. Дар киштии ман аз осеб дур мемонӣ.

Гуфт: «Ман кай панди ту бишнидаам,
Ки тамаъ кардӣ, ки ман з-ин дудаам.
Хуш наёмад гуфти ту ҳаргиз маро,
Ман бариам аз ту дар ҳар ду саро».

Канъон, ки номи писари Нӯҳ (а) буд, гуфт:

пешина
аз 176
навбатӣ