Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Бо ҳама тамкин Худо рӯзии ӯ,
Карда бошад баста андар ҷустуҷӯ.
Бе зиреҳбофию ранҷе рӯзиаш,
Менаёмад бо ҳама пирӯзиаш.

Довуд (а) бояд зиреҳ бофаду рӯз гузаронад. Бекор рӯзии ӯ намерасад. Ҳоло ту чӣ мегӯйӣ? Бандаи ночизе на мақоме дорӣ, на коре. Чӣ ҳукми беҷое аз Худованд талаб дорӣ?
Ин суханонро гӯши он мард намешунавид. Ӯ ҳамчунон аз Худо рӯзии беранҷ дархост мекард ва мегуфт:
– Агар ман танбалам, Худо маро танбал офарида аст.
Рӯзе наздики пешин, дар ҳоле ки ба дуою зорӣ саргарм буд:

Ногаҳон дар хонааш гове давид,
Шох зад, бишкаст дарбанду калид.

Ногоҳ гове ба шох дари хонаи ӯро шикасту ба дохили хона ҷаҳид. Он марди бекор аз ҷой ҷасту дасту пойи говро баст, сарашро бурид ва суроғи қассоб рафт, ки то танаш гарм буд, пӯсташ кунад:

Пас гулӯи гов бибрид он замон
Бетаваққуф, бетааммул, беамон.

Мавлавӣ мегӯяд, ки ҳар чӣ ҳаст, аз Худост. Ӯст, ки хоҳиши орзуро дар ниҳоди одамӣ офаридааст. Худи ӯ ҳам бояд корро осон кунад ва роҳ ба мо нишон диҳад, то ба мақсуд бирасем ё ин ки орзую хоҳишро аз дили мо бардорад.
Офаридгор Ӯст! Ва ҳар чӣ ҳаст аз сангу гиёҳ, дому даду одамӣ забон ба ситоиши Ӯ доранд. Ҳеҷ кас аз ҳоли дигаре хабар надорад. Одамиён якдигарро гумроҳ медонанд ва худро ба роҳи рост ҳақ, аммо Худост, ки:

Гавҳари ҳар як ҳувайдо мекунад,
Ҷинс аз ноҷинс пайдо мекунад.

Доно ва нодон аз меҳру бемеҳрии Худованд огоҳанд. Аммо ҳеҷ як меҳре, ки дар бемеҳрӣ ниҳон аст, ё бемеҳрие, ки дар меҳр нишон дода мешавад, огоҳ нест, магар касоне, ки аз дониши бепоён лабрез бошанд ва аз рози ҳар офаридае хабар дошта бошанд.
Рӯзи дигар соҳиби гов пайдо шуд ва гиребони кушандаи говро гирифт, ки чаро гови ӯро куштааст.

Гуфт: «Ман рӯзӣ зи Ҳақ мехостам,
Қибларо аз лоба меоростам.
Он дуои куҳнаам шуд мустаҷоб,
Рӯзии ман буд, куштам, нак ҷавоб!

Соҳиби гов ӯро кашон-кашон назди Довуд (а) бурд ва саргузаштро баён кард. Довуд (а) аз кушандаи гов пурсид:
– Чаро говро куштӣ?

Гуфт: «Эй Довуд! Будам ҳафт сол
Рӯзу шаб андар дуову дар суол.
Баъд аз ин ҷумлай дуъову ин фиғон
Гове андар хона дидам, ногаҳон
Куштам онро, то диҳам дар шукри он,
Ки дуъои ман шунуд он ғайбдон».

пешина
аз 176
навбатӣ