Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

– Ман аз хонадони ту нестам ва ба ҳарфҳои ту ҳам гӯш намекунам.
Ҳар чӣ Нӯҳ (а) гуфт, Канъон напазируфт, мавҷе расид ва Канъонро аз киштӣ дур кард. Нӯҳ (а) даст ба дуо бардошт ва гуфт:
– Худоё, ту ваъда додӣ маро ва хонаводаамро аз ин балои бузург бираҳонӣ. Акнун ба писарам лутф кун ва ӯро аз мавҷи бало бираҳон!
Вале Худованд гуфт:

Гуфт: «Ӯ аз аҳлу хешонат набуд,
Худ надидӣ, ту сапедӣ, ӯ кабуд?»
Чунки дандони ту кирмаш дарфитод,
Нест дандон, барканаш, эй устод!

Нӯҳ (а) аз гуфтори худ пушаймон шуд ва гуфт:
– Эй Худо, ғайри ту дӯст надорам. Ту аз ҳама чиз огоҳӣ.
Худованд гуфт:
– Агар ту бихоҳӣ, дилатро намешиканам ва писаратро ба киштӣ мерасонам, аммо ман туро аз нияти ботили ӯ огоҳ кардам.

Гуфт: «На, на, розиям, ки ту маро
Ҳам кунӣ ғарқа, агар бояд туро.
Ҳар замонам ғарқа мекун, ман х(в)ашам,
Ҳукми ту ҷон аст, чун ҷон мекашам.
Нангарам касрову гар ҳам бингарам,
Ӯ баҳона бошаду ту манзарам.
Ошиқи сунъи туам дар шукру сабр,
Ошиқи маснӯъ кай бошам чу габр?
Ошиқи сунъи Худо бофар бувад,
Ошиқи маснӯъи ӯ кофар бувад».

ДОСТОНИ МАРДИ БЕКОРАЕ, КИ АЗ ХУДО РӮЗИИ БЕРАНҶ МЕХОСТ

Дар замони паёмбар Довуд (а) марде буд нодон ва бекор, ки:

Ин дуо мекард доим, к-эй Худо,
Сарвате беранҷ рӯзӣ кун маро!

Ӯ ба Худованд мегуфт:
– Ту маро бекор офаридаӣ ва танбалиро дар зотам ниҳодаӣ! Пас ба ман ҳам рӯзии бе дарди сар бидеҳ, бидуни ин ки ниёз ба кӯшишу кор дошта бошам. Ман одаме ҳастам коҳилу сояхоб.

Ҳар киро пой аст, ҷӯяд рӯзие,
Ҳар киро по нест, кун дилсӯзие!

Ту, ки маро чунин офаридаӣ, рӯзии маро ҳам осон бирасон!

Халқ механдид бар гуфтори ӯ,
Бар тамаъхомию бар пайкори ӯ.

Вале ӯ на аз сарзаниши мардум меранҷид ва на дар дуою хоҳиш аз Парвардигор кӯтоҳӣ мекард.
Мардумон ба ӯ гуфтанд:
– Дар ин замон назди Худо ҳеҷ бандае наздиктар аз Довуд (а) нест. Ӯ овозе дорад, ки ҳар кӣ бишнавад, бар ҷой мехкӯб мешавад, шеру оҳу ба садои ӯ бо ҳам гирди ӯ мегарданд ва гӯё ҳамдигарро намебинанд. Ӯ пайғамбари Худо ва фармонбардори ӯст, бо ин ҳама бартарию наздикӣ Парвардигор рӯзии ӯро ҳам ба кӯшишу кораш бастааст.

пешина
аз 176
навбатӣ