Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Чун дастҳои соҳиби говро бастанд, Довуд (а) гуфт:
– Ин мард ғуломи бобои кушандаи гов будааст. Рӯзе хоҷаи ӯ зери ин дарахт чодар зада буд, ин мард ӯро кушт ва сарашро бо корде, ки нишони ӯро дорад, дар зери ин дарахт таги хок кард. Он гоҳ дастур дод, заминро канданд ва сари куштаю кордро ёфтанд.
Баъд аз он гуфташ: «Биё, эй додхоҳ,
Доди худ бистон ту аз ин рӯсиёҳ!
Ҳам бад-он теғаш бифармуд ӯ қасос,
Кай кунад макраш зи илми Ҳақ халос!
Ҳилми Ҳақ гарчи мувосоҳо кунад,
Лек чун аз ҳад бишуд, пайдо кунад.
Кушта шуд золим, ҷаҳоне зинда шуд,
Ҳар яке аз нав Худоро банда шуд.
Ин мард хоҷаи худро кушт, ҳоло барои куштани гове фарзанди ӯро бозхост мекунад ва ба ин тариқ худаш парда аз рӯйи ҷинояти худ бармедорад, вагарна то имрӯз Худованд гуноҳи ӯро дар парда нигоҳ дошта буд.
Ҳеҷ гуноҳе пӯшида намемонад ва ҳеҷ хуни ноҳаққе бе қасос нахоҳад монд!
ДОСТОНИ УСТОД ВА ШОГИРДОН
Кӯдакони мактабе аз сахтгирии устоди тундхӯйи худ ба танг омада буданд. Ба фикр афтоданд, ки чорае биандешанд, то чанд рӯзе мактаб баста шавад. Зирактарини шогирдон гуфт:
– Бояд устод бемор шавад, то мо аз зиндону озори ӯ осуда шавем. Дигарон гуфтанд:
– Ин мард монанди санги хоро барҷой истодааст, ҳаргиз бемор намешавад.
Кӯдаки боҳуш гуфт:
– Чора ин аст, ки ман фардо субҳ ба ӯ хоҳам гуфт:
– Устод чаро рангу рӯятон парида? Магар, Худой накарда, бемор шудаед? Пас аз ман ҳар касе ба мадраса меояд, бояд ба навъе аз нохушӣ ва рангпаридагии ӯ ҳарф бизанад, то хаёли ӯ парешон ва табъаш нохуш гардад. Кам-кам, воқеан, нохуш мешавад.
Ҳама рой ва тадбири ӯро писандиданд.
Ройи он кӯдак бичарбид аз ҳама,
Ақли ӯ дар пеш мерафт аз рама.
Фардо ҳамин корро карданд. Ҳар кас устодро дид, дилсӯзӣ кард ва аз нохушии ӯ ҷӯё шуд.
Бардамид андешае з-он тифли хурд,
Пир бо сад таҷриба бӯе набурд!
Устод гуфт:
– Ман нохушие надорам, беҳуда мегӯед, вале исрори навомадҳо ба табъи ӯ кам-кам таъсир кард ва хаёлаш парешон гардид. Бадгумон шуд ва андак-андак фикри нохуше ӯро машғул дошт. Оқибат бо ҳоли зор аз ҷо бархост, мактабро баст ва рӯ ба хона ниҳод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор