Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Аммо кӯдакон аз дунболи ӯ ба хонааш рафтанд ва дар роҳ дилдорӣ медоданд, ки Худованд ӯро дармон хоҳад кард. Устод ба хона, ки расид, ба занаш фарёд зад, ки чаро бомдод ӯро аз рангпаридагӣ хабар накардааст.
Зан гуфт:
– Ту нохуш нестӣ, ранги чеҳраат ба солим буданат шаҳодат медиҳад.
Мард гуфт:
– Ман аз беморӣ меларзам, ту мегӯйӣ нохуш нестам.
Зан пеши худ гуфт:
– Ӯ нохуш нест, аммо агар бигӯям нохуш нестӣ, намепазирад ва агар бигӯям нохуш ҳастӣ, нохуш хоҳад шуд.

Фоли бад ранҷур гардонад ҳаме,
Одамиро, ки набудасташ ғаме.

Устод хобид ва кӯдакон гирдогирдаш ба дарс хондан нишастанд. Кӯдаки зирак оҳиста ба дигарон гуфт:
– Беҳтар аст бо садои баланд дарс бихонем, то ки моро ба хона ҷавоб диҳад.
Ҳама ҳамин корро карданд. Кӯдаки зирак фарёд кашид:
– Баланд садо накунед, ҳоли устод бадтар мешавад!
Устод гуфт:
– Рост мегӯяд! Шумо ба хонаҳоятон биравед, то ҳоли ман беҳтар шавад.

Пас бурун ҷастанд сӯйи хонаҳо,
Ҳамчу мурғон дар ҳавои донаҳо.

Ва шоду хушҳол ба хонаҳои худ рафтанд. Модаронашон ғамгин шуданд, ки чаро мактабхона таътил шудааст. Кӯдакон гуфтанд:
– Устод бемор аст. Аммо модарҳо бовар накарданд ва ҳама фардо ба дидорбинии ӯ рафтанд. Диданд, ки дар ҳақиқат нолону нохуш дар рахти хоб афтодааст. Аз ҳолаш ҷӯё ва пурсон шуданд.
Занаш гуфт:
– Аз зиёдии кор бемор шуд ва худаш хабар надоштаасту дирӯз кӯдакон ба ҳоли зораш пай бурдаанд. На ӯ ва на модарон огоҳ нашуданд, ки ин кӯдакон буданд, ки вайро ба нохуш шудан водор карданд ва бовар кунонданд, ки воқеан нохуш аст.
Ҳеҷ кас ба кори зираконаи онҳо пай набурд, ки бо ҳаракатдиҳии ваҳму хаёл устодро бемор карданд ва ба ин бадбахтӣ андохтанд.
Бисёрии хушӣ ва нохушиҳоро инсонҳо дар хаёлу ваҳми худ месозанд ва бо ин тасаввурот нохуш мегарданд.

ДОСТОНИ ЗАРГАРИ ОҚИБАТАНДЕШ

Он яке омад ба пеши заргаре,
Ки тарозу деҳ, ки барсанҷам заре.

Пирамарде назди заргаре омад ва аз ӯ хост, ки тарозуяшро бидиҳад, то зарҳояшро вазн кунад. Заргар гуфт:
– Эй пирамард, ман ғирбол надорам.
Пирамард гуфт:
– Чаро ришханд мекунӣ? Ман аз ту ғирбол намехоҳам, тарозу хостам.

пешина
аз 176
навбатӣ