Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Заргар гуфт:
– Бидон, ки ман ҷорӯб ҳам надорам.
Пирамард фарёд зад:
– Масхарагӣ накун, тарозу биёвар!

Гуфт: Бишнидам сухан, кар нестам,
То напиндорӣ, ки бемаънистам!

Аммо ту марди пире ҳастӣ, дастҳоят меларзад, тиллоҳои ту ҳам хурду резаанд. Аз дастат рӯйи хок мерезанд. Баъд аз ин ҷорӯб мехоҳӣ, то онҳоро ҷамъ кунӣ. Баъд ғирбол мехоҳӣ, ки хоку хошокро бибезӣ, ҳол он ки ман на ғирбол дораму на ҷорӯб.

Ман зи аввал дидам охирро тамом,
Ҷойи дигар рав аз ин ҷо, вассалом.
З-ибтидои кор охирро бибин,
То набошӣ ту пушаймон явму дин.

ДОСТОНИ ДАРВЕШИ КӮҲНИШИН

Гар бо ҳамаӣ, чу бе манӣ, бе ҳамаӣ,
В-ар бе ҳамаӣ, чу бо манӣ, бо ҳамаӣ!

Дарвеше дар кӯҳсоре хона дошт ва дар танҳоӣ зиндагӣ мекард. На дӯсте, на ҳамнишине ва на ҳамсояе. Дар он ҷо умр ба парастиши Худои ягона мегузаронд. Ҳар касеро Худованд барои коре сохта ва шавқу майли онро дар дил андохтааст.

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,
Майли онро дар дилаш андохтанд.
Дасту по бе майл ҷунбон кай шавад?
Хору хас бе обу боде чун равад?

Дар кӯҳистон дарахтони мевадор фаровон буд. Дарвеш аз онҳо мехӯрд, аз оби гуворои чашма менӯшид ва ба ибодати Худо мепардохт. Рӯзе ба худ гуфт:
– Бо Парвардигор паймон мебандам, ки ҳаргиз меваи дарахтонро начинам ва ҳар чиро, ки бод ба замин резонад, мехӯрам. Ва ҳамин корро ҳам кард.

Муддате бар назри худ будаш вафо,
То даромад имтиҳоноти қазо.

Дарвеш намедонист, ки ҳар назре мекунад, бояд аз Худо ёрӣ бихоҳад, зеро борҳо иродаи Парвардигор одамиро аз майлу хоҳиши худ боздоштааст.
Инсон аз сарнавишти хешу кори қазову қадар ноогоҳ аст ва намедонад, ки чӣ бар сари ӯ хоҳад омад.

Чашм бозу гӯш бозу дом пеш,
Сӯйи доме мепарад бо парри хеш.

Панҷ рӯз гузашт, боде навазид, мевае аз дарахт ҷудо нашуд. Дарвеш аз гуруснагӣ ба ҳоли беҳушӣ афтод, аммо намехост аҳди худро бишканад. Дар поёни рӯз боде вазид ва шохҳои дарахти нокро поён овард. Гуруснагӣ бар дарвеш ғалаба кард. Пеш аз он ки нокҳо ба замин биафтанд, якеро аз шох канд.

Ҳам дар он дам гӯшмоли Ҳақ расид,
Чашми ӯ бикшоду гӯши ӯ кашид.

Ҳамон дам дастае аз дуздон, ки моли фаровоне дуздида буданд, ба он кӯҳистон расиданд ва хостанд моли дуздиро миёни худ тақсим кунанд. Аммо посбонон пайи онҳоро гирифта, ба зудӣ ба он ҷо расиданд ва ҳамаи дуздонро дастгир карда, дарвеши бечораро ҳам ҷузъи онҳо шумурда, дастҳояшонро баста назди фармондеҳи худ бурданд. Ӯ ҳам фармон дод, то дастҳою пойҳои дуздонро бибуранд. Ҷаллод дасти дарвеши бадбахтро ҳам бурид. Пас, ногаҳон чашми раиси посбонон ба ӯ афтоду ӯро шинохт. Фарёд кашид:

пешина
аз 176
навбатӣ