Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Занаш гуфт:
– Бо мурдани ту ин хона хароб мешавад.
Билол гуфт:
– Бар моҳ нигоҳ кун, на ба абр. Танро бигузор ва ба ҷон биандеш!

Гуфт: «Вайрон гашт ин хона, дареғ!»
Гуфт: «Андар маҳ нигар, мангар ба меғ».
Кард вайрон, то кунад маъмуртар,
Қавмам анбуҳ буду хона мухтасар».

Худованд хароб мекунад, то онро ободтар созад. Ман дар ин ҷо дар зиндон будам, меравам ва ҷонам Машриқу Мағрибро пур мекунад.

Ман гадо будам дар ин хонай чу чоҳ,
Шоҳ гаштам, қаср бояд баҳри шоҳ.

Ҳангоми хобидан ҷон осуда мешавад. Дар роҳ рӯҳ аз ситами табиӣ мераҳад ва зиндонӣ ба ёди зиндон нест. Агар кафши танг бипӯшӣ ва дар биёбони фарохе қадам бигузорӣ, он фазои паҳновар дар назди ту танг меояд. Ҳар кас туро аз дур бинад, хаёл мекунад, ки аз он саҳро хушу хуррам мегузарӣ. Чӣ медонад, ки кафши ту танг асту саҳрои кушодро бар ту танг кардааст.

Хоби ту он кафш берун кардан аст,
Ки замоне ҷонат озод аз тан аст.

Ҷанин, ки дар раҳми модар аст, мекӯшад худро аз он ҷойи танг бираҳонад. Раҳоӣ бо дарду ранҷи модар ҳамроҳ аст. Ӯ намедонад ва модар ҳам намедонад, ки ҷанин – кӯдак дар он ҷойи танг нафастангӣ мекашад. Дуд аз ҳезуми нимсӯхта аст, вагарна оташи шуълавар дуд надорад.
Ваҳм хато мекунад, вале ақл не. Малолат аз тан аст, вагарна ҷон аз сабукӣ дар парвоз аст.
Нури хуршед аз роҳи дур ба замин мерасад, аммо ғуруб мекунад. Агар тани мо ба қурси хуршед бирасад, месӯзад, аммо бо нури хуршед зиндааст. Гуфтани ин суханон баъзе касонро малол мекунад.

Гар ҳазорон толибанду як малул,
Аз рисолат бозмемонад расул.

Асп бонгу бӯйи шерро мешиносад. Ҳар ҳайвоне душмани худро аз нишонаҳои ӯ, пайи пойи ӯ, бӯйи ӯ муайян мекунад. Аммо инсон бояд ба ақли худ руҷӯъ кунад ва аз асар пай ба моҳият бибарад. Агар касе аз ту бипурсад, Нӯҳро мешиносӣ? Ту мегӯйӣ: «Чаро нашиносам! Номашро шунидаам. Пайғамбари Худост, дар Қуръони маҷид ҳам номи ӯ ҳаст». Ва рост мегӯйӣ. Ва агар бигӯйӣ: – «Не, чӣ гуна ӯро бишиносам. На дидаам ва на сухани ӯро шунидаам». Боз ҳам рост мегӯйӣ!
Инсони комил аз моҳияти чизҳо огоҳ аст ва дилҳои ноогоҳ ҷуз аз рӯйи тақлид ё шиносоии зоҳир донишу бинише надоранд.

пешина
аз 176
навбатӣ